Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

гуфта дар ин сероҳа фуромад... Аҷаб не, имрўз Собина ҳам ба хона бозгашта бошад, – аз дил мегузаронд. – Хавотир мешавад!.. Насиб бошад, имшаб Навинаро дида, фардо пас мегардам. Илоҳо сиҳат ёфта бошад–дия!

3 Ҳамон рўз хонумаш Собина, дарвоқеъ ҳам ба хонаи худ омада буд. Дар бухорӣ оташ дардод, таом таҳия намуда, пас аз намози пешин чашм ба роҳи «махсумҷон»–аш дўхта нишаст. Аммо аз ў дарак нашуд.
Писараш Ашраф аз ферма омаду Собина гуфт:
– Куҷо рафтани додота медонӣ, охир?.. Дар ин ҳавои сард ба ҷое намерафт–ку?
– «Назди байтори ошноям меравам»–гуфта саҳарӣ аз хона баромадаанд!..
– Худат ҳамроҳ бояд мерафтӣ, бачем? Одами пир!..
– Рост, оча... Дар ферма кори зарур доштам. Аҳволи молҳомон бад!.. Хурду калони ноҳия дар ташвиш!..
– Мефаҳмам, – гуфт Собина. Ў чанд сол дар шўрои ҷамоат кор карда, ба нафақа баромада буд. Масъулият чист, медонист...
Ҳамон шаб чашмаш монугир мепарид. На вай хоб карду на Ашраф. Сар ба болин бимонад, хоби парешон медид. Ногаҳ бедор шуда, дар ҳавои сард рўи ҳавлӣ мебаромад. Аз дур ак– аки сагҳоро шунида, умед мебаст, ки шояд ў меояд... Не. Аз ҳаво реза–реза «заҳр» меборид ва то рафт ба барф мубаддал мешуд. Собинаро вараҷа гирифту дар рўшании шамъ (барқ набуд) гашта ба ҷойгаҳи гарм даромад. Дергоҳ ба хаёл рафт:
«Ин мардаки дамдузд пеш ҳам, агар хона набошам, гап назада, ким–куҷоҳо мерафт. Ким–чиҳоро баҳона мекард. Хуб, он вақт ҷавон буд, бардам–бақувват!.. Ҳоло чӣ? «Пуфф!» гўйӣ, ҳафт меғелад! Бадии кор ин ки «улфат»–ҳои худро бинад, то мурдана менўшад... Аз инаш метарсам... Эҳ, хайр, саломат бошад шуд! Бо ягон кас гапаш гурехта куртаканӣ накунад мегўям.
Байни улфатҳояш акаи Надим одамҷон. Назди он кас рафта бошад, дилам пур! Ким–чӣ хел доруи нағз ёфта медиҳад – аз дарди гурда. Номаш ҳам аҷиб «Медный всадник»...
Он шабро Собина баҳушу беҳуш саҳар кард. Ба хонаи писари дигараш кас фиристод!..

пешина
аз 276
навбатӣ