Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

4 Лазиз махсум рў–рўи яху барф эҳтиёт шуда, қадам мезад.
– Кайҳост, ки исун наомадаам!.. Рўзҳои гарм, баҳору тобистону тирамоҳ Навина ба ёдам нарасид... Агар байтор намегуфт, бехабар будам!.. «Ҳаҳ, мўйсафед, – худ ба худ механдид ў. – Агар шифо ёфта бошад, имшаб давраҳои ҷавониро ба ёд меовардем–дия!..
Хандаю гапи безебаш ба худаш ҳам нафорид. Лағҷида афтоду хест.
Шамоли сард виззас ба рўяш мезад. Гарданбандашро аз нав ҳалқа андохта баст. Донаҳои резаи барф кулоҳашро тар мекард. Мўзаи гўшакдори сабукаш хунук гузаронид, панҷаҳои пояшро сармо сўзонд. Пошнаи хўрдашудаи пойи росташ чанд бор лағҷонда, баробари қадаш афтонд. Ҳар бор:
– Ўҳ, рўи яхмолакҷойи бачаҳо пой гузоштам–чӣ? – мегуфт ва бо ду даст, чорпоя шуда, аз ҷо мехест. Ба атроф назар мекард. «Ҳеҷ кас надид, охир! Беҳуда ин ҷо фуромадӣ, мулло Лазиз! – пушаймон шуд ў. – Бо мошини тайёр рост Қалъа рафтанат лозим буд. Ба ҳамааш кайфи сабил сабабгор!..
Хуб, кори ношуданӣ шуд! – Дам ба дам мақоли «Одам ба умед, шайтон – ноумед!»–ро ба забон меовард.
Ў ба ёд меовард, ки каси дигаре ҳам аз мошин фуромад, борхалтае сари китф дошт. Аммо надонист, ки ў куҷо рафт.
Баъд аз лаҳзае он одам аз паси дарахте баромаду ба вай ким–чӣ гуфт. Гўшаш, ки вазнинтар буд, нашунид. Вай дар торикӣ кӣ будан ва ба куҷо ғайб задани он марди калонҷуссаро дигар фарқ карда натавонист. Охир, ў одамони ин деҳаро мешинохт, онҳо низ ўро медонистанд... «Лекин, ҳоло намехоҳам, ки маро бинанд!» – мегуфт ба худ.
Вай сари роҳ истода дам гирифт. Фикр мекард, ки барои чӣ расидан ба хонаи Навина ин қадар душвор шуд? Эҳ! Бо он ҷингиламўю чашму абрўсиёҳ чӣ лаҳзаҳои гуворо ба сар бурдаам!». Ҳоло чӣ ҳол дошта бошад? Ва оё ў дар хона аст?
Агар хона набошад, пас чӣ хоҳам кард? Ин ҷо боз дари хонаи киро задан мумкин?.. Чӣ гуна хонаи дигаре медароӣ? Як вақте ин ҷавонзан маро интизор мешуд, аз хона берун пой намемонд. Бо касе ба ҷойе намерафт. Дар ин як ҳавлии девораш похсагин умре зист.. Ҳо–о, бори аввал ин ҷо бо Қиёми Ҳазрат омада будам, – ба ёд овард ў.

пешина
аз 276
навбатӣ