Шоҳроҳи истиқлол

– Қиём мехост ба вай хонадор шавад. Доруфурўш буд Қиём. Дўконаш дар гўшаи бозорча, лекин аз шаҳрҳои калон дору оварда мефурўхт. Ба ин хонум, ҳар чиз ки бихоҳад, харида медод. Нозу нузаш аз ҳад зиёд буд. Пул писандаш набуд... (Кошкӣ ба худаш насиб карда бошад!) Медонистам, ки ин ҷо дилсўзе надошт, он сағира!.. Ҳо–о, Лазиз! Инро танҳо ту медонистию Қиём.
Вай ҳатто намедонист, ки ин Навина асл аз куҷост. Фақат ман медонистам: аз авлоди паризодҳои Ҳурватан буд. «Мехонам!»–гуфта омаду ба ном «шавҳар» кард... Худаш мегуфт, ки бародари шофбуруте дорад, ҳар вақт хабаргирӣ меояд...
Ҷавонмарди баору номус буд додараш! Қиём ҳам аз ў монданӣ надошт. Паҳлавон буд. Гапаш аз як ҷо мебаромад.
Ман худро ба нодонӣ зада мегаштам... Ҳис мекардам, ки Навина ба ман бештар майл дорад. Оҳ, агар як сол пештар бо духтари боботовӣ – Собина (муаллим будем ҳарду, маро он вақт Лазиз–муаллим мегуфт) издивоҷ карда, соҳиби фарзанд намешудам, Навинаро аз ин ҷо гирифта мегурехтам. Аз ин рў, Қиёмро чашми дидан надоштам. Аз ў, рости гап, метарсидам! Баъд аз ҳалокати Қиём, ки дар поёни хонаи Навина, дар сел афтода ғарқ шуд (дар ин кор даст доштани маро касе исбот карда натавонист) ба фикри ба даст овардани дили ин ҷингиламў афтодам. Ба мақсадам расидам... Ун хонуми боботовиям Собинаро ҳурмат мекардам, лекин Навинаро дўст медоштам... Вақте ки рўйирост инро ба худаш гуфтам, хурсанд шуда буд.
Аз ростӣ, кам–кам беинсоф ҳам будам! Нотарсона амал мекардам. «Маро фаромўш накунед, бас! – мегуфт Навина. – Фақат бародарам Наҷот нафаҳмад. Қабри ҳардуямонро канданаш мумкин. Вай аз ҳалокати Қиём ғамгин аст! Агар фаҳмад, ки дар ин кор шумо даст доред, ба додситону муфаттишҳо маълум мекунад!..». Ҳамин тавр ў – Навина ҷони маро харида гирифта буд... Эҳ, зиндагӣ–зиндагӣ!.. Баъд аз таваллуд шудани фарзанди дуюмам – Машраф очааш Собина корро вайрон кард. Маро сахт ба даст гирифт. Аз алоқаам бо Навина кадоме хабар додааст... Аз ҷоям ҷунбидан намемонд!.. Дарс, хона ва гоҳе бозор мерафтаму тамом!..
Навинаро қариб, ки фаромўш карда будам... Боре ҳам шунидам, ки бемор шудааст. Як бало карда, хабараш гирифта будам, дар бемористони Қарияи Боло.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор