Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

5 Аз боло мошини УАЗ омад, ки ҷониби роҳи калон мерафт. Мастомаст, даст бардошт... Худаш ҳам аз ин кораш шарм кард.
Дар ин шаби зулмонӣ кӣ одами масти кўчаро бо худ мегирад?..
– Бузгар–бузгар (бигзар!)!–роҳ дод ронанда ба ў, ки байни роҳ қарор дошт. – Ҷону ҳол дорӣ?!
– Э рав–е, рав! «Роҳ те!» нагуфтаам ба ту!.. – суст наомад махсум ҳам.
Ронанда ғур–ғур карду рафт...
– Эҳ! Лазизбой! Чаро асабӣ шудӣ! Дард якбора аз ҳарду поят қапид–ку! – гўён Лазиз махсум ба як дарахти қади роҳ такя кард. Ба атроф нигарист. Дар торикӣ ҳеҷ чиз ба чашмаш намерасид, чароғи мошин хирааш гардонида буд...
Кори нашуданӣ, шуд! – гуфт. Пойҳояшро то зону даст– даст кард, молиш дод... «Ҷону ҳол дорӣ?»–будааст–а? Ҳаҳ сабил! Ку он ҷасорати ҷавонӣ!.. «Барои ин гап гулўяшро меҷафидам–а?! – аз ақиби ў хитоб кард махсум. Ҳамин Навинаро ҳам, бо ҷасоратам ба даст оварда будам. Ҳо–о! Агар доруфурўш Қиём ва ҷўрааш – духтури дандонро бо лагад зада, якеро дар селу дигарро дар оби кўл ғарқ намекардӣ, як рўз не–як рўз онҳо туро нест мекарданд! – баланд ба забон овард ў ин сирро ва: «Тиш–ш–ш! Оҳиста гап бизан! Девор муш дораду муш гўш!»– гуфт ба худ.
Не, ман ҳам ҷавони барбаста, ҳушёр ва чор кас медидагӣ будам. Бо маълумоти олӣ савлат карда мегаштам!.. Аммо Қиём–чӣ? Хуб, паҳлавон буд! Лекин тарбият надида, дағал, ҷангара, арақхўр!.. Ин хислат дар худам низ буд! Лекин «паҳлавонӣ» не!.. Бо Фармонҷўгӣ гўштингирии Қиём ҳеҷ аз ёдам намеравад!.. Дар ҳеҷ давра мағлуб намешуд. Ҳамагӣ бистучор сол дошт, омўзишгоҳи тиббиро хатм карда буд, аммо паҳлавонҳои номдорро сари китф гирифта, лингашонро аз осмон меовард. Он вақт, дар гўштин марду зан, бачаҳо омада қатор менишастанд. Бори аввал Навинаро дар ҳамин ҷо дида будам. Ситораи тобоне буд. На фақат бо ҳусн, балки бо ҷасорату лабу даҳонаш диққати ҳамаро мекашид. Ба гап усто. Ҷаҳл ҳам дошт. Қошу қавоқ ҳам мекард, нозу истиғноаш ҳам ба дараҷааш буд. Ҳар ҷавонмард ба як дидан «аз они ман шавад!»

пешина
аз 276
навбатӣ