Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

мегуфт... Лочии тайёр аз «Як гулу сад харидор!».
Қиём ҳама чизу чораашро хонаи ў мебурд. Аз худаш дида, чизу чора ва пулаш ба Навина даркор буд... Боре гўшзад кардам. Қиём зиқ шуд. «Ин тавр нагў!» гуфт. Пулро беҳисоб бароварда медод. Боре гуфт: «Бародарам Лазиз! Мефаҳмед?
Ман ўро дўст медорам. Ҳавлии хамсояаш фурўшӣ будааст.
Онро мехарам. Ана пулл!.. Ҳавлиро калон мекунем. Ҳамроҳи ман меравед? Ҳавлиро тармим, ки кардам, зиёфат дода, аз назди аҳли деҳа мегузарам, иҷоб карда мегирам!».
Баҳор буд. Борон паёпай меборид, аз ҳамаи сойу дара сел мегузашт ҳамон рўз...
Ҳарду аз ҳамин пайраҳа гузаштем. Дарвозаи чўбинашро тақ–тақ задем. Касе набаромад... Қиём дипломатро аз зери боронияш бароварда ба дасти ман дод:
– Қапед, ман «таҳорат шиканам» – гуфта, рўи сабзаи заминаш аз оби борон фалла барин нарм гузашт. Гузашту «Маро доред!» гўён фиғонаш баромад...
Бинам, лағҷида афтидааст... Бо ду даст лаби ҷариро дошта талвоса мекард, баромаданӣ мешуд... Тохта рафтам...
Дипломатро таги харсанге гузоштам...
... Ман ҳам лағҷида, ба тахтапушт рўи лойу алаф задам.
Дастам бо шасти худам ба он хоросанг бархўрд... Қиёмро «қапида» метавонистам... Лекин... Вай аз он нишебӣ... сад қадам сарозер рафту даруни сели пуртуғён фурў ғалтид...
«Дасташ ба дастам мерасид, ормон набуд, аз лаби ҷарӣ мекашидам. Афсўс ки нашуд... Кори нашуданӣ шуд!» (Баъдтар ҳамин тавр ба муфаттиш навишта додам). Қиёмро сел мебурд. Сели сабил лўм шуда аз поёни он ҷарӣ, сарбанди оби деҳаро ҳам рўфта бурда буд... Ҳаёҳуй бардоштам. Деҳқонони он бари сой ба по хестанд... Лаб–лаби сел давиданд. Қиём талвоса мекард, гоҳ таги об мерафт, гоҳ рў мебаромад... Ба буттаҳои соҳил ҳам даст зада дошта натавонист!.. Баъд нонамоён шуд... Аммо одамон чўбу белу белдаста дар даст медавиданд... Сели азим «тўъмаи худ»–ро бозӣ доронда, мавҷҳояш ҳарҷо–ҳарҷо шутури маст барин кафк зада, сарозер мебурду мебурд. Аз сад ҷони Қиём як ҷонаш ҳам халос нахўрд!.. Дипломат дар дасти ман монд.
Гуфтам–ку, кори ношуданӣ шуд...
Ба бозпурсҳо ҳамин тавр посух медодам...

пешина
аз 276
навбатӣ