Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аммо дар хусуси «дипломат» ҳарфе намезадам. (Агар мегуфтам, ҳатман аз ман гумонбар мешуданд!)... «Дамдуздӣ ва дарундориям» он ҷо кор дод!... Вагарна чанд сол мегирифтам... На зиндагиамро пеш мебурдаму на Навина насиби ман мегардид!..
Одамро фиреб додан ҳам осон будаасту ҳам душвор.
Ақли худро кор фармоӣ, сир бой надиҳӣ ҳам, аз рафтору кирдор, аломату намодҳоят ҳис мекардаанд. «Ин муаллими одӣ чӣ тавр хонаҳои там–там сохт? Пулро аз куҷо ёфт?»
гуфтанӣ гапҳо солҳои ҳукмронии Шўро бас хатар дошт!..
Инро дониста, ду–се сол хонаҳоро бе дару тиреза, бе андова партофта мондам... Назарногир буданаш хубтар буд...
Баъд гуноҳи дигаре ҳам содир кардам. Он ҷо ҳам дарундорию дамдуздӣ, камгапӣ ба ман мадад расонд. Боз аз ҷазо «гурехтам». Намедонам, гуноҳҳои маро Худо мебахшида бошад ё не?!.
Бо ҳамин фикрҳо Лазиз махсум аз раҳи мошин ба пайроҳае гузашту боз таваққуф кард, боз ба атроф назар андохт. Ғайр аз девору дарахт ва буттаҳои барфпўш дигар чиз ба чашми ў намерасид. Хаёлаш, ки вақти зиёде роҳ тай кард, аммо ҳеҷ не, ки ба таги дарвозаи Навина бирасад. Чӣ бало?
Оё раҳи хонаашро гум кардам? Не–не, ҳў–ў вай чароғи хонаи Ёр паҳлавон!.. Он ҷо ки расидӣ, бузроҳае тарафи сой мебарадат. Ҳамон сой, ҳамон ҷарӣ, ки шодравон Қиём дар сел ғарқ шуда буд... Пас, маълум, ки раҳгум назадаам!..
Вай таги дари мағозаи дигаре расид. Онро ҳам таври шарқиёна, бо гумбазу сутун сохтаанд. Чароғи он ҳам хира месўзад. Пеш ин ҷо дўкони харобе буд. Аммо ҳама чиз дошт.
Нархҳо арзон. Барои ду тин зиёд нархгузорӣ ҳабс мекарданд!..
Ҳоло чӣ? Гап–гапи тоҷирҳо бизнесменҳо! Пулу мол дорӣ
– аз ту зўраш нест! Иқтисоди бозориаш ҳамин!.. Ху–у–б, ба ҳаминаш ҳам шукр!.. Худо бадтар нагардонад!..

6 Ҳо–о ана ёфтам: ин пайраҳа туро хонаи ў мебарад...
Пайраҳа пурбарф!.. Одам кам гаштагӣ...
Ба дарвоза наздик шуд. Ҳалқаи онро дошт. Хаёл кард, ки занбўре заҳр зад. Дарвозаи беранг занг задааст. «Ҳамон дарвоза, ки худаш ба умед оварда нишонда буд.

пешина
аз 276
навбатӣ