Шоҳроҳи истиқлол

Кайҳост, ки ўро надидаам...
Лазиз махсум баъд аз нафақа баромадан ба даст тасбеҳ, бо ҷелаку пироҳани сафед ба давра медаромад. Агар сўи шаҳр равад, кулоҳу палто мепўшид ва гарданбанде мебаст.
Он бегоҳ ў аз пойтахт бо ҳамин навъ сару либос баргашта буд. Наҷот ҳам, бо ғизолтаксӣ омада дар истгоҳ ўро дида, ба ҳолаш хандида, ба ҳавлии моҳаш даромада буд... Посбон ўро надида бошад, чӣ тур «дидам» бигўяд?..
12 Наҷот аз нимароҳ баргашт. Вай, ки акнун рў ҷониби дара қадам мезад, сару рўяшро боди сарсар мелесид. Бо гиребони ҷома даҳону бинияшро печонду давдавон ба ҳавлӣ бозгашт.
– Нест! – кафи ду даст нишон дод ба хоҳаркалонаш. Вай зери лаб ким–чиҳо гуфт. Ларзид, тапид... Хаёлаш, ки хоб медид, ё рўъёҳо безобитааш мекарданд. Чашмаш бегумон махсумро меҷуст!.. Аммо ў набуд. Бидид, ки бародараш ба девор такякунон фиш–фиш хоб аст, «На–ҷот! Соз би–хо–об! Сар ба болишт мон!» гуфт.
Наҷот сар ниҳоду хур–хураш бас шуд. Дар хона як хомўшии фавқулодда ҳукм ронд... Шамъ орому ором месўхт.
Парвонае ҳам набуд, ки гирдаш чарх бизанад...
Дертар болишти Навина лағҷиду сараш рўйи гилем омад.
Маҷоли боло шудан надошт. Сараш ногузир бо мўйҳои кабудчатоби пиронааш рўи гилем омаду баногаҳ чашмаш калон кушода шуд. Вай ба ҳаяҷон омад: – О–во–оз?! Худоё, аз куҷо – ин овоз? Аз қаъри замин ё аз кўки осмон? Овози ши–нос!.. Ме–но– лад!.. Аз дур, хеле аз дур меояд он!–Ва бари рўи дигарашро ба замин совид!.. Не, дигар нашунид. Овоз қатъ шуда буд.
– Хобам ё бедор?
Ҳавои сарди хона ўро ларзонд. Дарунтари кўрпа сар халонд... Як назар бидид, ки шамъ сўхта қариб тамом шудаст.
Лип–лип шунаъ медиҳад, ҷон меканад мисли бечора Навина.
Вақти саҳар, баробар бо шамъ хомўш шуд, шамъи гирёну нолон адо шуд...
13
Ҳамон лаҳза, ки тасодуфан сари Навина рўи гилем фуромад, соҳиби овоз ҳанўз зинда буд...
Ин овоз аз ҳамон дурӣ, қабати барфу ях заминро шикофта, аз дару девор гузашта, ба гўши инсони чун шамъ хомўшшаванда расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор