Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале афсўс ки маҷоли хестан надошт...
Лазиз махсуми маст баъди сахт зарбу лат хўрдан ҳамон шаб беҳуш хобид. Дарди ҷонкоҳ, талвосаи марг ҷисму ҷонашро меларзонд, гулўяш гирифта, овоз бароварда натавонист ва ниҳоят ба тақдир тан дод... Аҷаб не, он охирин нолаю фиғонаш буд, ки ба гўши Навина расид.
Дами ҳалокат, аз пичароси ў бародараш Наҷот чизе эҳсос накард. Хаёлаш, ки хоҳаркалонаш пеш аз хона равшан кардан, ҳарза мегўяд.
Вақти саҳар Навина дигар пурсида натавонист, ки махсум куҷо шуд?! Охир, инсон ба ҳар ҳол, бо ёди якдигар зинда аст... Аммо охирин дидор на ба ин муяссар гардиду на ба он!.. Аҷаб не, ин ғазаби осмон буд, барои гуноҳҳои азим.
Шояд чунин хулоса кард Навина, вақти саҳар, пеш аз ҷон ба ҷаббор таслим карданаш!.. Аҷаб не Лазиз махсум низ зери барфу рўйи ях хобиданаш чунин фикр кард. Ҳамин қадар, ки сари болини Навина бародараш Наҷот ҳузур дошт. «Додарҷон... Маро поёни пойи модарам ба хок супор!» – гуфту бечора тамом шуд.

14 Ҳамон рўзу боз ду рўзи дигар паллаи дарвозаи дастааш кандашудаи ҳавлӣ воз буд. Аз гирду пеш фотеҳахонӣ меомаданд одамон.
Дар ин рўзҳо барфи баланд, аз шиддати шамолҳои сарду офтоби «бачакуш» каме ҳам об нашуд. Бачаҳо ба хотири бибии Навина он ҷо қивучув накарданд. Маҳалла онҳоро ба интизом даъват мекард. Вагарна бачаҳои шўху бозингар ҷойи яхмолакбозии ҳамешагии худро тарк намекарданд...
Касе ба яхмолак напардохт. Агар не, ҷасадро онҳо худ «кашф» мекарданд...

15 Он рўзҳо ҳавлии Лазиз махсум ғайричашмдошт пури одам шуд. Аксар, ба пурсиши ў омада, аз «хобҳои парешон»–и худ қисса мекарданд. Занаш Собина, писаронашро ба чор тараф фиристод, то хонаи хешону шиносҳоро пурсад.
Писараш Ашраф ба пойтахт рафт. Медонист, ки падараш он сў равад, ҳатмӣ хонаи улфаташ Надим байтор медарояд...
Вай ғалат накарда буд.

пешина
аз 276
навбатӣ