Шоҳроҳи истиқлол

Ба тақ–тақи дарвоза худи байтор баромад.
– Ашрафҷон–ку! Бидаро!.. Берун хунук! – даст дода вохўрд. – Чӣ хелӣ? Нағзӣ? Созӣ? Хотирҷамъист?
– Не, амак! Ҷўретона кофта омадам?.. Се рўз боз даракашон не?.. Рўзи аз хона баромадан бо шумо буданд?..
– Ҳа–а, бо ман буд... Ҳарду беморбинӣ хонаи Мирзои Хол рафта будем... Аз он ҷо дер баромадем... Хона даъваташ кардам. «Не» гуфт. Якравиашро худ медонӣ–ку! «Хона – тарафи Қалъа меравам!» гуфт. Офтоб парпарон буд, ки аз истгоҳ... ба ғизолтаксӣ нишаст...
– Мабодо, «нўшидагӣ» набуданд?
– Ҳо–о, баҳузур «гирифта» буд, аз хурсандӣ!..
– Ронандаашро бинед, мешиносед?..
– Мешиносам!.. Ҳатман ўро ёфтан лозим, – гуфт байтор.
Ин вақт телефони ҷайбии Ашраф садо дод. Ў саросема: – Алло!.. Машраф, туӣ? Хонаи амак омадам. Мегўянд, ки ҳамон бегоҳӣ тарафи «Қалъа» рафтааст... Рақамашро?.. Не, намедонанд. Қалъа бояд рафт...
– Ҳатман бояд рафт, – гўён байтор либосивазкунӣ, хона даромад.
– Аз кадом роҳ равем? – пурсид Ашраф.
– Аз роҳи «Шарора»... Наздик аст. Аҷаб не, ронандаро дар роҳ дучор оем. Хатти ҳаракаташ аз тариқи «Шарора»–ку?..
– Фаҳмидани таги дили падарам душвор, – гуфт дар омади гап Ашраф. – Шумо он касро медонед–а, амак?
– Бале, медонам. Лекин «одам шири хом хўрда», ғалат карданам ҳам мумкин, – хоксорӣ кард Надим духтур. – Каме якрав, қайсар аст, – гўён аз ибрози баъзе фикрҳо андеша кард.
Ҳарду ҳам зиқ буданд. Байтор лаҳзаҳои ошноӣ, улфатӣ, тўйгардӣ ва давранишиниҳояшро бо махсум ба ёд меовард:
«Лазиз аз ў се сол калон буд. Омўзишгоҳи омўзгории пойтахтро тамом карда, ба зодгоҳи худ Боботов муаллим шуда рафт. Пас аз ду сол, барои давом додани таҳсил, боз омад, ба шўъбаи ғоибона дохил шуду ҳамин шиносаш Мирзои Хол кўмакаш кард: вай ба миён даромада ғоибхони худ – модари имрўзаи бачаҳояш – Собинаро ошно кард... Дар тўяшон иштирок намуд. Пас аз як сол ҳамин Ашраф ба дунё омад, ки ҳоло таги пояш мошини хориҷӣ!..
Зану шавҳар бачаҳоро тарбият мекарданд... Баъди Боботов рафтан онҳоро одамон хеле кам медиданд. Он ҳам дар баъзе маъракаи ҳисориён...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор