Шоҳроҳи истиқлол

Аз шишту хези Лазиз маълум буд, ки гоҳе бо либосҳои чиркин, як тукма поёну яке боло гузаронда, ба қавле то бас гуфтан нўшида, дар давра ба касе гап надода, ҳам қадаҳ мегирифт ва ҳам, лозим ояд, донам – надонам, ин ё он сураро ба арабию дуояшро ба тоҷикӣ хонда мегашт. Ин ба баъзеҳо маъқул, ба баъзеҳо нописанд буд!.. Ба ў чӣ ҳам мегуфтӣ! Ақл ёд дода намешуд.... «Худ кирои гап задан, бояд аз ў як сару гардан боло бошӣ!» андеша мекардам. «Хайр, хурўсро барои нўл заданаш ба ифлосӣ, санг намезананд–ку?»–мегуфт байтор.
Бадии кор дар ин буд, ки андак ширакайф шавад, бо ину он дилмонӣ мекард. Дандонҳои аз сигору нос зардшудаашро намоиш дода, дигаронро писханд мезад. «Чапанӣ» мекарду шарм ҳам намедошт...
Як дафъа дар маркази ноҳияи Н. моро ба тўй даъват намуданд. Якҷоя рафтем. Он ҷо як рафторашро дида, дасту дил шуста будам, – ёд меовард байтор. Вай раисии давраро ба ўҳда дошт...
Қарибиҳои ними шаб меҳмонон хона ба хона рафтанд.
(Он вақт тўю маъракаҳо мисли имрўза танзим нашуда буданд). Дар охири давра махсум даҳ–дувоздаҳ каси аз шаҳр ва меҳмони аз Боботову атрофи он омадаро ба таги дари «шарбатхона» хосту яктоӣ ҷомаро сари китфи ҳар кас партофта, «ин ҳаққи шумо! Муборак бошад!» – гўён тақсим кардан гирифт.
Он ҷо ба охирин кас, ҷавонмарди паҳлавонҷусса аз даҳмардаҳои боботовӣ, ҷома нарасид. Қолини дароз печонидашудаеро ба ў дода гуфт:
– Бардор! Ин ҳаққи ту, ошно!
Ин ҳазлу шўхӣ буд, ки фаҳмидан душвор набуд. Соҳиби тўй ҷавонмардро диду хандида гуфт:
– Ҳа–а, чӣ гап? Қолинро куҷо мебарӣ, ошно?
– Ба мо ҳаминаш расид! – гуфта гашта оварда дар ҷояш монд.
Баъд барои меҳмонони боботовӣ рўйи кати ҳавлӣ ҷой андохтанд. Пирамарде ҷома ва миёнбандашро бо бастаи пули калон таги сар монда хобид. (Ў ҳамон рўз қариб сӣ сар гўсфандашро дар бозори ноҳия фурўхта будаст). Шаб Лазиз махсум, ноаён, пулро мебардорад ва зери ҳамон кат ҷо мекунад.
Субҳ бобо хеста кайфаш парида, сўи мо меҳмонони шаҳрӣ нигарист. Аз воқеа бехабар, ҳама ҳайрону хомўш буданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор