Шоҳроҳи истиқлол

– Махсум! – гуфт ниҳоят соҳибхона. – Бо ҳама шўхӣ кунед, ихтиёратон. Лекин бо ошнои чўпони ман ҳазл ба кор намеравад. Ба ягон «бало!» гирифтор накунад боз?! «Аз бало ҳазар!» – гуфтаанд.
Махсум бо лаби пуртабассум, даму дуд, дар ҳузури мо, пулу пайсаи мардакро аз зери кат бароварда дод.
– Шўхӣ кардем, узр, – гуфт.
– Марги чунин шўхӣ! – гуфт яке аз меҳмонони ҳайратзада.– «Бинӣ – бозӣ, набинӣ–дуздӣ» мегўем мо дар ин маврид!..
Аз ин гап ранҷида, чанд вақт ў ба маъракаи шиносҳояш наомад.
Он вақт фарзандони махсум хурд буданд. Дар ин бора ба онҳо гап задан хуб не. Фоидае надорад. Лек аҷибаш ин ки чӣ гуна инсон будани ўро онҳо, ҳоло ҳам нафаҳмидаанд.
Бо ҳамин мулоҳиза байтор дар паҳлўи писари ҷўрааш Ашраф сўйи Қалъа мерафт. Телефони ҷайбии Ашраф боз занг зад. Ў мошинро таваққуф дода, «Лаббай, гуфт. – Чӣ? Ба милисаю додситонӣ хабар кардаанд?.. Чӣ гуфтаанд? Номи ронандаи таксӣ – Субҳон? Ҳа, фаҳмидам?»...
Ашраф ба байтор гуфт: одамони ҳифзи ҳуқуқ ҳам аз ким– чӣ хабар ёфта, ба роҳ баромадаанд!.. «Ҳамон ронандаро ёфтанӣ шудаанд... «Ман, худам ўро пайдо мекунам! Агар рости гапро нагўяд, ҷоғаша зада мешиканам»– гуфтааст Машраф...
Ашраф аз нав рақами телефони додарашро гирифт:
«Машраф, ба ман гўш кун додар, ором бош! Ҳозир наздат меравам. Вай дар Қалъа будагист! Дур намеравад. Беақлӣ накун! Мулло амак ўро бинанд, мешинохтаанд!.. Фаҳмидӣ?»
– таъкид кард Ашраф.
16 Собина ду шаб, пай дар пай шавҳарашро хоб дид. Яке давоми хоби дигараш: «додои бачаҳош аз байни кўҳу кулот мегузаштаст. Манзараҳои махуф–ҷарӣ, пастӣ, баландӣ, банди об, ҷўйбор... Баногоҳ вай байни найзору буттаҳои газ ниҳон мешудааст. Ҳарчанд фарёд мекардааст, лек ў ҷавоб намедодаст, ноаён ба як сў нигоҳ карда мерафтаст»...
Рўъёи дигараш ин: «Зери зави баланд қарор доштаст. Аз куҷое овози ҳазину имдодталаби одамӣ ба гўшаш мерасидаст. Он садо гоҳе ба нолаю шеван бадал мегардидаст: «Худоё, – мегуфтаст,– ин чӣ қисмате!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор