Шоҳроҳи истиқлол

Ҳарду даст банд, пойҳо карахту дардманд! Либос тар. Палтои ғафс оби барфу яхи ҷўйборро ҷабида гирифтаст. Вазнин, гўё сад ман борро бар дўш бор карда бошанд... Оё рўзи сахт аз ин зиёд мешавад?!
Фарёду шеванам ба гўши касе намерасад! Чӣ шудааст ин ҷаҳонро? Чаро одаме аз ин атроф гузар намесозад? Магар гўши фалак кар шудааст!.. Эй вой, ҷонам!.. –мегуфтааст.
Овозаш шинос барин, вале хиррӣ, бо гулўи гирифта гап мезадааст».
«До–дои Ашраф? – мегуфтааст Собина. – Шумо дар куҷоед? Аз чӣ намеоед?» – як қад парида бедор мешудаст.
Ана бинед гиряву нолаашро!
«Худоё, таъбири ин хоб чӣ бошад?» мегуфтааст худ ба худ. – Аз кӣ бояд пурсид? Оё кас ба хоб ҳам бовар мекунад?
Хоб хоб аст. Дар ким–куҷо хонда будам: дар хоб танҳо ҳодисаҳои кайҳо рўйдодаро дидан мумкин. Баъзан инсон хобҳои аҷибу ранга мебинад. Дар мағзи сари шахси хуфта кулли умри инсон, мисли навори филм, давр мехўрдааст.
Онҳо ҳар қадар рангоранг бошанд, ба ҳақиқат хеле наздик мешудаанд!»...
Собинаро он рўъёҳо ва ин фикрҳои пурдаҳшат ба ларза меовард. Шаб фаро расад метарсид, ки боз чунин хоби парешон набинад!..
17 Лазиз махсум дами марг қарор дошт. Дер–дер ба ҳуш меомад. Пою даст, тамоми ҷисмаш беҷон барин: «Ҳо–о–о, – мегуфт оҳи бадард кашида. – Худоё! Поко, парвардигоро!
Ин бандаи осиятро бубахш! Аз қудратат гардам. Чӣ тавр маро дидаю дониста, маҳз дар ин ҷо, ки боиси нестии ҷавонмарде шуда будам, ба қафас гўё андохта, ҷонамро ситонданӣ ҳастӣ?! Охир, маро хуни яке не, ду ҷавони шиноси бегуноҳ гирифтаст!»
Аҷаб не, вай ба худ тасаввур мекард, ки «чӣ гуна дар оби мусаффои кўл, пеши назари худаш, Тоҳири духтури дандон, даруни об «до–о–д!» гуфт, наҷот хост, то ман дасти ёрӣ дароз бикунам... Ҳо–о, ман бо заҳрханд сўяш даст дароз кардам, лек берун накашидам! Вай ба ҷойи чуқуртару пурхатари кўл ғўта хўрд. Дигар баромада натавонист! Ҷуръат карда барои наҷоташ амале анҷом надодам... Нафси сабил ғолибӣ карда буд! Сумкаи пури пул, тилопораҳо, гўшвораю ангуштариҳо, ҳар гуна зебу зинати занона, ки дар куҷоҳо ба фурўш расонидани онҳоро ман ҳам, якҷоя бо ў гашта медидам, чашми гуруснаи маро мебурданд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор