Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Онҳоро зери қамишу лухзор пинҳон кардам. Хаёлам, ки касе надид!.. Не, тори сар Додори ҳамабин будааст, ки ҳамаашро медидааст ва медонистааст, ки аз ниятҳои ман чӣ хоҳад бархост!.. Танҳо ман бехабар будаам, Худобехабар будаам...
Инак, ҳис мекунам. Мебинам, ки рўи яху зери барф қарор дорам. Шаб торик. Ақаллан абр намегузорад, ки рўи ситораеро бубинам. Барф мерезаду мерезад. Болоям кўрпа шудааст. Охирин нафасҳоямро мекашам. Хаёлам, ки ҷонам, рўҳам чандин бор маро тарк карда рафту ба ким–киҳо, аҷаб не ба лошахўрҳо ҳам хабар дода боз омада дар колбадам ҷойгир шуд! Чаро ин тавр кард? Худам ҳам намефаҳмам.
Аҷаб не, вай бо рўҳи Навина омезиш ёфта, назди Собинаи меҳрубон рафту ўро огоҳ карда баргашт!.. Ана, боз ҳалқам хушк шуд!.. Ба ҳалқи одами миранда одатан, бо пахта об мечаконанд! Ба ҳалқи ман худи табиат об мечаконад. Донаҳои барф худ об шуда мефуроянд...
Ў бо талвосаи ҷон охирин нерўи худро ба кор бурда, сар боло карданӣ шуд. Аммо натавонист... Сараш ғуввас мезад.
Пеши чашмонаш ҳар гуна чиз ба шакли гургу шағол, шеру паланг, филу зурафо намудор мегардиданд. Ниҳоят, маймунҳои думдор пайдо шуданд. Онҳо гўё ўро «мазох» мекарданд, механдиданд!.. Ў тарсидаю ларзида калимаи шаҳодат гардонданӣ мешуд, суханро нимғурма такрор мекард, миёни кому забон илтиҷо менамуд: «Эй Худо, дигар худам назди додситон меравам (Вай аз аввал ба ман шубҳа дошт!). Ба гуноҳҳоям иқрор мешавам! Ҳар ҷазо, ки қонун раво бинад, бубинад!.. Ту наҷотам деҳ, на–ҷо–там–м?!.»

18 Нисфирўзӣ пайи фотиҳахон аз ҳавлии ғарибонаи Навина канда шуд. Охирин мардҳоро бародараш Наҷот гусел кард.
Занҳо ҳам гиряро бас карда, қатор–қатор аз дарвоза берун шуданд.
Ҳаво ҳамоно сард буд. Офтоб ялаққос мезад. Аммо таъсири гармияш чандон ҳис намешуд. Ҷо–ҷо барфи лабгўшаи хонаҳову рўи буттаю хорҳо об шуда, қатра–қатра рўи барфу яхи зич мефуромад. Аммо осмони деҳа боз ҳам ҳайратовартар буд: аз чоштгоҳӣ лошахўрҳо пайдо шуда, ду– ду, се–се, пайи ҳамдигару дур–дур баланд парвоз доштанд, ба рафтуои одамони он маҳал чашм дўхта, ҷуръати фуромадан намекарданд.

пешина
аз 276
навбатӣ