Шоҳроҳи истиқлол

Одамон ба онҳо аҳамият медоданд ё не, маълум набуд.
Фақат Наҷот, вақти пўшидани дарвозаи ҳавлии хоҳаркалонаш, баногоҳ сари теппаҳо лўк–лўк хазидани чанд лошахўрро дида ҳайрон шуд:
– А? Чӣ гап? Ягон ҷонвар мурдааст–чӣ? Ё гург хареро дарида бошад? – тахмин мекард вай.
Мўъҷизоти табиат аҷиб! Ин парандагон чӣ гуна ҳис мекунанд–а? Гўё шаб хоб дидаанд! Субҳ ба ҳаво боло шуда, ба ҳар дару девор назар меандохтанд!..
Имрўз баъд аз дарвозаро бастани Наҷот ҳодисаи дигаре ҳам рух дод: наврасакони яхмолакбозро хумори бозӣ гирифт магар ки паси дару девори момои Навина гузаштанд...
Вақте ки нахуст наврасаки ҷасур аз баландӣ худро ба поён андохту лаби ҷўйбори бетонӣ расид, пояш ба пои мўзадоре бархўрд. Бидид, ки он ҷо ҷасаде даруни ҷўйбору зери кўрпаи барф хоб аст. Онсўтар кулоҳеро бидид ва як қад парид.
Забонаш гирифт магар ки бо ишораи даст, бачаҳоро аз лағҷидан боздошт... Касе аз онҳо пойин нафуромад. Худ бо раҳи поёни ҷарӣ, давр зада назди бачаҳо омад. Чанде аз онҳо сўи хонаи сардори маҳалла давиданд... Аз маҳалла зуд одам омад...
Ҳамонҳо ба милиса ва додситон хабар карданӣ шуданд...
19 Вақте ки Ашраф ва Надим байтор ба сероҳаи назди Қалъа расиданд, он ҷо мардум ба «тамошо»–и фарёду ғирев омада буданд...
– Нагуфтам! – зуд мошинро сари роҳ дошт Ашраф. Ҳарду худро ба тўдаи ронандагону раҳгузарҳои тамошобин заданд.
– Девонагӣ накун, Машраф! – гўён бародаркалонаш дасти ўро аз гиребони ҷавонмарде, ки имдодталаб ба атроф менигарист, ҷудо кард. – Ин сў биё.
Надим амак он ҷавонро аз дасташ дошта тарафи дигар бибурд.
Одамони милиса ва додситонӣ ҳам расиданд. Ҳама хомўш. Касе ниққӣ накард. Гўё он ҷо ҳеҷ воқеа рух надодааст.
– Хў–ў–ш! – аз авзои мардум хулоса кард муфаттиши додситонӣ. – Субҳон – ронандаи «ғизолтаксӣ» кадомат ҳастӣ?
Масъала маълум буд, яъне ҳама аз воқеа бохабаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор