Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Муфаттиш ба ду–се суол посух гирифт. Барои вай муҳимаш гапи ронанда буд:
«Бобӣ «Қалъа меравам!» гуфта ба мошини ман нишаст...
Баъд, сари роҳ чурт зада, «ту маро куҷо мебарӣ? Аз роҳи боло бирон!» – гўён сиёсат кард... «Маро ҳамин ҷо фурор!» гуфт... Аз Мортеппа гузашта, дар сероҳа таваққуф кардам... ў фуромад.
Ҳатто ман: «бобӣ, дар ин ҳавои сард куҷо меравед?» – гуфта пурсидам. Мо ҳис карда будем, ки ў кайф дорад... Ба мо паси дасташро нишон дода, «корат набошад!» – гуфт.
– Хуб. Ту ҷойи фуровардаатро ба мо нишон дода метавонӣ? – гуфт муфаттиш.
– Метавонам!..
– Нишин, ба мошин! – гуфт ў.
Ҳар кас ба мошини худ нишаст. Субҳонро Ашраф ба мошини худ гирифт. Вақте ки онҳо аз маркази ноҳия гузашта, сўи сероҳа равона шуданд, муфаттиш ба идорааш сим зада, ҳамин қадар гуфт, ки «ду парвандаро аз бойгонӣ берун оваранд. Рақами парвандаҳо дар дасти котиба...».

20 Онҳо ба сероҳа расиданд.
– Ҳамин ҷо истед, – хоҳиш кард ҷавони бурутдор, ки абрўву мўйи сип–сиёҳаш ба ҳам мутаносиб афтода буд ва ўро зебо нишон медод.
Ашраф дар паҳлўи роҳ қарор кард. Дигарон низ пасопеш расиданд.
– Ана, дар ҳамин ҷо фуромад, бобӣ. Баъд он тарафи роҳ гузашт! – гуфт ў.
Ҳама сўи раҳи маҳаллаи Н. рў оварданд Ва ногаҳ шоҳиди дар осмони он маҳалла давр задани лошахўрҳо шуда, ба якдигар суоломез нигаристанд...
Нигоҳи Надим байтору муфаттиш ба ҳам бархўрд. Ким– чӣ барои ҳарду як хел ҳайратовару асрорангез вонамуд гардид. Аҷаб не, ҳарду ҳам фаҳм ва дарк карданд, ки Лазиз махсум чаро маҳз дар ин ҷо аз мошин фуромадааст?.. Охир, мақсад Қалъа рафтан буд–ку?–андеша меронданд онҳо. Дигар ҳеҷ чиз нагуфтанд, аз ронанда ҳам дигар суоле накарданд. «Метавонед биравед», – гуфт муфаттиш ба ў.
... Чаро маҳз ин ҷо фуромадаст?
Бародарон Ашрафу Машраф китф дарҳам кашиданд... Ин лаҳза як гурўҳ бачаҳои гузари ҳамсоя, рў–рўи яху барф, лағҷидаю ба ҳам баҳскунон он сў нигоҳ карда давиданд...

пешина
аз 276
навбатӣ