Шоҳроҳи истиқлол

– Чӣ гап? Чӣ ҳодиса? – мепурсиданд бачаҳо аз якдигар.
– Он ҷо – дар яхмолакҷо мурдаеро ёфтаанд! – гўён паси ҳам медавиданд...
Гуфтугўи бачаҳоро Ашрафу Машраф, Надим байтору муфаттиш низ шуниданд. Фармони мошинҳо он сў тоб хўрд.
Ба майдони назди охирин ҳавлии он гузар–ҳавлии Навина расиданд. Дар баландӣ сардори маҳалла ва чанд пирамард бо ҳаяҷону изтироб, ба пастӣ менигаристанд. Намегузоштанд, ки касе он ҷо фарояд.
Ҳама баробар он ҷо расиданд.
Муфаттиш назди сардори маҳалла рафту гуфт:
– То аз назар гузаронидани экспертҳо, касе он ҷо по нагузорад!
Ашрафу Машраф аз дуртар кулоҳи падарашонро шинохта, фиқ–фиқ ба гиря даромаданд...
Баъд аз анҷоми расмгирию кушодани рўйи ҷасад, ўро аз даруни ҷўйбор, ки дастаи дарвоза дар қабза дошт, кашиданд.
21 Муфаттиши додситонӣ ғамгину андешаманд буд. Ин марди мўяш кабудчатоб, чанд сол пеш низ чун муфаттиш кор карда, баъдҳо ба вазифаи додситони ноҳия бардошта шуда буд. Ба нафақа рафту ба ҷояш яке аз шогирдонаш омад. «Устод бекор нагардед»–гуфта ўро боз муфаттиш таъин намуд. Инак, ў ҳамон воқеаи чанд сол пеш тафтиш кардаашро ба хотир овард. Майдони пурбарф, ҷойи яхмолакбозии бачаҳоро бори дигар саъй кард. Дар ҳамин ҷо ба сел ғарқ шудани Қиём ном ҷавон ба ёдаш расид.
Одамон ҳама парешон аз наздаш мегузаштанд. Улфати Лазиз махсум.
– Надим байтор, ки дар паҳлўи додари Навина Наҷот истода, барои даргузашти хоҳаркалонаш ҳамдардӣ изҳор мекард, ором омада ба мошини Ашраф нишаст. Байтор, ки аз қиссаи Лазиз махсум нағз воқиф буд, гиребони худро дошта ҳайрон монда буд, ки чӣ тавр ў маҳз ин ҷо омада, ҷон ба ҷаббор таслим кардааст?!.
Муфаттиш, пеш аз рафтанаш, тарафи Наҷот гуфт:
– Шумо бародар, баъд ба идораи мо як сар халонед. Ду даҳон гап ҳаст.
– Хуб шудаст, сардор, – даст пеши бар гирифт Наҷот.
Муфаттиш ба осмони деҳа назаре афканд: лошахўрҳо баланд ва дур–дур аз ҳамдигар парвоз карда, гўё ноумед гардида, аз осмони маҳалла як–як нопадид мешуданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор