Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

22 Рўзи дигар махсумро дар қабристони он сўйи Қалъа ба хок супурданд.
Дар маросим муфаттиши пир низ иштирок дошт. Барои изҳори тасалло даст ба китфи писарони ў гузошт: «бардам бошед, таъзияи маро қабул фармоед. Бигзор, падар осуда бихобад», – гуфт.
Он ҷо Наҷоти оҳангар низ ҳузур дошт. Вай дар паҳлўи Надим байтор истода, ҳарду аз гардиши чархи гардун дар таҳайюр буданд магар ки ба нуқтаи номаълуме менигаристанд. Касе бо касе гап намезад. Нигоҳҳо, имою ишораҳо бо забони безабонӣ бори маънӣ мекашиданд.
Наҷот муфаттишро диду сар ҷунбонд. Баъд ба идораи додситонӣ як сари қадам даромад.
– Ҳа, омадӣ Наҷоти Ҳурватанӣ?
– Омадам раисбобо!..
– Бигзар, биншин, – ҷой нишон дод муфаттиш.
– Узр, – гуфта ў нишаст.
– Ту бигў, ҳамон бегоҳӣ Лазиз оё ба дидани Навина омада буд?
– Бале, омада буд, – росташро гуфт Наҷот. – Аммо ба даромаданаш иҷозат надодам. Дарвозаро ба рўяш бастам.
Наҷот он ҷо қариб ҳамаи гапро, то ҷое ки хабар дошт, як–як баён намуд. Вай медонист, ки суханаш дар кадом «дастгоҳи махсус» сабт мегардад. Инро ҳам медонист, ки умри дурўғ кўтоҳ, вале рости гапро бигўйӣ, ҳаргиз ғалат нахоҳӣ кард!..
– Магар аз ў нафрат надоштӣ?–пурсон шуд муфаттиш.
– Аз паси мурда гап задан хуб не, – гуфт Наҷот. – Баъди шунидани баъзе гапҳо аз хоҳаркалонам дар бораи ин одам, рости гап, бадаш медидам. Бинобар ин ба хона роҳаш надодам... Навина худ ҳис карда буд, ки ў ба суроғаш омадааст, нолида гуфт:
– Додарҷон!.. Мо издивоҷи мусулмонӣ доштем... Ман мемирам, аз ў розигӣ бояд гирам! Беҳуда ўро пеш кардӣ.
Кўча баро! Вай нарафтагист... Гирифта биё...
Хоҳиши каси сари сакаротро чӣ тавр рад мекунӣ? Кўча баромадам. Касеро надида пас гаштам. Дигар ў куҷо рафту чӣ шуд, хабар надоштам... Магар ин ки дирўз ҳамаи мо шоҳид будем...
– Маълум, – гуфт муфаттиш. – Ҳамон вақт ҳам... ту бетараф будӣ!..

пешина
аз 276
навбатӣ