Шоҳроҳи истиқлол

Ёдат ҳаст, мо дар атрофи ду парвандаи ҷиноятӣ кор мебурдем?
– Не. Ёд надорам. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Ман он вақтҳо хонаи хоҳаркалон намеомадам. Қаҳрӣ будем, ногап мегаштем. Боисашро шумо хубтар медонед...
– Бале – бале! – ба фикр рафт муфаттиш ва тукмаро пахш кард.
– Шуморо мешунавам, – посух дод кадоме.
– Парвандаҳоро биёред, – амр кард ў.
Афсаре парвандаҳоро рўйи миз гузошт.
Рўйи онҳо як хел рақам сабт шуда, бо мурури вақт коғазҳояшон зард ва камнур гардидаанд...
Муфаттиш дар варақи тозае чанд сухан навишт: «Сероҳаи Мортеппа... Ҳалокати Лазиз махсум, Қиёми Ҳазрат ва Тоҳирҷон – духтури дандон. Кўли пуроб. Баъд аломатҳои + ва – гузошт. Вай он варақро рўи парвандаҳо монда фармуд, ки бубаранд, яъне «дигар ҳоҷат ба тафтиш нест».
Ў аз ҷо хест. Ба Наҷот, ки хайрухуш карданӣ буд, гуфт:
«Мо ин парвандаҳоро муваққатӣ хобонда будем. Акнун ҳамааш маълум. Метавонем тамоман бипўшонем. Зеро на ҷабрдида монду на гунаҳкор!».
Наҷот дасти муфаттишро фишурд. Гап назада бадар рафт. Вай бо шитоб қадам мемонд.
Банда аз гузашти махсум бехабар будам. Аз хориҷа баргаштаму улфаташ Надим байтор моро ба маъракаи солаш даъват намуд. Рафтем ба ҳавлии тамтамаш, ки танҳо дару тирезаҳояш буд нашуда буданд... Дар бозгашт ака Надим ин достони рў–рўйи барфу ях сўйи сарнавишт рафтани ўро ба мо қисса кард.
Сентябри соли 2008

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор