Шоҳроҳи истиқлол

Шералӣ МЎСО
ШАБЗОД
Офтоб ба ғуруб мерафт.
Домани шафақ лолагун мегашту дили пирамард сиёҳ.
Ва андак-андак умедаш ба сўз мубаддал мегашт. Ба ин мардум чи бало асар карда бошад? Ҳеҷ кас парвои ҳеҷ касро надорад. Инсоф, раҳму шафқат намонда. Чашму гўшу дасту дили ҳама ба пул. Ё тавба! Ин қадар ба пул эҳтирому садоқат доранд!
Гўё барои пул ба дунё омада бошанд. Ҳама аз паси пул. Пул гуфта худро ба чор сў мезананд. Шабу рўз бо орзуи пул мезиянд.
Барои пул шуда ҳатто ҷонашонро дареғ намедоранд-е!
Пулпарастанд, пулпараст!
Пулмастанд, пулмаст!
Охир, чаро?!
О, ин марги рўёрўй аст-ку!
Ҳайф, сад ҳайфи зиндагӣ, ки бо пулҷамъкунӣ гузарад!
Ба ў чунин намуд, ки мошинҳо низ «Пул! Пул!» гуфта ба пеш метозанд.
Ниҳоят дили пирамард аз фишори беинсофии ронандаҳо ба изтироб омаду вуҷудашро аламу ғам фаро гирифт. Аз бори беинсофӣ қоматаш хам гашт. Ин ҳама ба ҳам омада ўро фишор доду фишор ва наздик ба таркидан расид.
Навҳаи талхаш танин андохт:
– Ноинсофҳо! Хаёлатон ки пирамард пул намедиҳад?!
Танҳо дуо медиҳад! Э садқаи дуо шавед!
Дили пирамард холӣ нашуд, ки нашуд. Сафед нашуд, ки нашуд. Ва боз таркид:
– Падарсўхтаҳои касофат!
Аммо зуд пушаймон гашт:
– Худоё, бубахш маро! Онҳо аз куҷо медонанд, ки чашми набераи бемори ман ба роҳи бобо чор аст.
Пирамард назар ба сояи худ кард. Он дарозу рангбохта.
Оҳи пурдарде кашид:
– Эҳ, асри суръат! Ду соат ҳамчу тире аз камоне ба ройгонӣ рафт!
Бегумон чашм ба уфуқ андўхт. Шаб гулўи Рўзро бераҳмона медарид. Аз хуни Рўз домони уфуқ рангин буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор