Шоҳроҳи истиқлол

Ҳо, Шаб Рўзро мекушт.
Пеши назараш чеҳраи набера ба ҷилва омад. Чеҳрааш заъфаронӣ буд. Дар тобу таб месўхт. Хаёле эҳсоси бобоӣ дилашро ба ларза овард. Баданашро арақи сарде пахш кард.
Лаҳзае аз худ бехуд гашт.
«Бубахш, набераҷон, имрўз насиби дидор набудааст».
Дилаш аз аламу яъс сих зад.
Не, не, ана мошине истод. Садои шинаҳои он ба гўшаш расид. Бале, расид. Не, не, кобусе беш нест. Наход…
Не, бахт ба рўяш хандид. «Жигули»-е наздаш истода.
Чашмони пирамард рўшан шуд, зуд дари мошинро кушода, беихтиёр:
– Здрасти, – гуфт.
– Салом, падар, – ҷавоб дод ронанда.
– И-и… Илтимос бубахшед, тоҷик будаед.
Вай бо камоли эътиқод сар ҷунбонда, бо оҳанги бурро гуфт:
– Худоро шукр, тоҷикам.
– Э мани пир рус гумон кардам, – гунаҳгорона гуфт пирамард. – Пирӣ-да, писарам, пирӣ. Ҳазор бахшиш.
– Ҳеҷ гап не, бахшиш напурсед, падар, – бо табассуми малеҳ гуфт ронанда. – Ин айби кепкаи сарам.
– Рост-рост, писарам! Чашмам аввал ба кепка афтид-да.
– Агар ба шаҳр мерафта бошеду аробаи кўҳнаи маро лоиқ донед, марҳамат шинед.
Дар овози ў меҳрубонии ў эҳсос мешуд.
– Чаро «аробаи кўҳна» мегўед?
– Ҳоло одамон дигар «Жигули»-ро писанд намекунанд.
Ба он савор шуданро айб медонанд. Мошинҳои хориҷии «Мерседес», «Опел», «Некси»-ро меписанданд.
Табъи пирамард хуш шуд, табассум дар лабонаш гул кард.
– Э не-йе! «Жигули» беҳтарин мошин аст. Бадошт, коргар, бе нозу нуз. Халқӣ гўем ҳам мешавад. Ҳа… Пурсидан айб не, мегўянд. То куҷо мебаред?
– То куҷое ки хоҳед мебарам, падар, – хушнудона гуфт ронанда. – Аз файзи сўҳбататон баҳраманд шавем, шуд.
Шумо розӣ бошед, бемалол нишастан гиред.
Пирамард бо хотири болида:
– Бо дилу ҷон, – гуфт ва «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим!»
гўён ба мошин нишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор