Шоҳроҳи истиқлол

– Чаро надиҳам, писарам, – қаноатмандона гуфт пирамард. – Охир, дуои нека ба одами нек медиҳанд. Замин аз об, одам аз дуо баҳра мегирад. Писарам, исми шарифатон чист?
– Фурўғ.
– Номи хуб, – хушҳолона гуфт пирамард. – Яъне рўшноӣ, некӣ. Ва боз латофат.
Фурўғ лаб ба таҳсин кушода, бо лаҳни ширин гуфт:
– Оҳо, шумо олим будаед-ку!
– Э не-е, олимӣ куҷо? – хандид пирамард. – Чил сол муаллими забону адабиёт будам.
– Падар, исми шарифи шумо чист?
– Олим.
Фурўғ гўё як кўза тилло ёфта бошад, бо нишот нидо намуд:
– Э, ана нагуфтам!
– Чаро бевақт азми сафар кардед, падар?
– Хабар ёфтам, ки набераам бетоб, зарпарвин шудааст.
Дар балнисаи Чапаев. Ин чӣ хел балниса бошад, нафаҳмидам.
– Фаҳмидам, падар. Ин беморхонаи кўдаконаи бемориҳои сироятӣ мебошад. Дар кўчаи Чапаев, дар наздикии Қасри Миллат ҷойгир аст. Ҳамроҳ ба аёдати ў меравем.
– Ҳамроҳ? Ай садқаи даҳонат-е!
Чеҳраи пирамард, ҳамчун нилуфар аз тулўи офтоб кушода шуд.
– Пас аз аёдат меҳмони хонадони ман мешавед. Чӣ гуфтед?
– Меҳмон? Дар шабӣ? Э не, писарам. Э не! Айб, ба Худо, ки айб!
– Меҳмон атои Худо гуфтаанд, – гуфт ў бо табассум. – Қадам болои дида!
Миёни онҳо хомўшӣ уфтод. Вале пирамард онро зуд барҳам зад:
– Шумо чӣ кораед, писарам.
– Дар сохтмони Нерўгоҳи барқи обии Роғун кор мекунам.
Бригадир.
– Оҳ, наход?! Пеш чӣ кор мекардед?
Фурўғ каме фикр карда, баъд ҷавоб дод:
– Пеш муовини Вазири энергетика будам.
Баногоҳ дар дили пирамард чӣ гуна як шубҳае шабеҳа зад, вале дар дақиқаи дигар, ҳамчун абрпорае аз шиддати бод, нопадид гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор