Шоҳроҳи истиқлол

– Дар замони мо бисёр беадолатиҳо рўй медиҳанд. Ва ҳар навбат онҳоро дида, хуни кас меҷўшад. Аз муовинӣ ба бригадирӣ. Ин чӣ хел шуд? Ситораатон туғрӣ наомад?
Фурўғ хомўш монд.
– Ҳа-а, фаҳмидам. География рост наомад.
– Наёфтед, падар. На ину на он. Бо хоҳиши худам.
– Охир, сабаб доштагист?
– Сабабашро ба шумо намегўям. Ин барои шумо гаронӣ мекунад.
Зимистони соли 2008 сангин омад. Болои сўхта намакоб барқ набуд. Вуҷуди мардумро сардии ғаму дард бештар беқарор мекард. Хабари марги аввалин устодаш мисли заминларза ўро ба ҷунбиш овард.
– Охир, ту куҷо будӣ? Устод се рўз туро суроғ кард!
– Дар хориҷ будам.
– Гуфтем. Гуфтанд, ки дар хориҷ чӣ мекобад? Чӣ гум кардааст? Ҳар чӣ ки лозим аст, дар ҳамин ҷо ҷўяд.
Пеши тобути устод ба зону уфтод. Мехост, фиғон бардорад, навҳа кашад, вале нафас дар гулўяш дармемонад. Ин гуна яъси тоқатшиканро бори аввал эҳсос мекард…
Либоси ғам дар бар карда, ҳафт шабу рўз мотам гирифт, азодорӣ намуд. Бо рўҳи бузурги устод дар гуфтугў буд. Ва дар вуҷуди ў таҳаввулоте рух дод. Рўзи ҳаштум ариза навишта, бо хоҳиши худаш аз вазифа даст кашид. Деҳа ба деҳа гашта, чил нафар ҷавононро ҷамъ овард ва бригада ташкил намуда, ба Роғун рафт.
– Ташаббусам ба шумо маъқул нашуд, падар?
– Бад нест… – посух дод ў
– Чӣ хел?!
– Оре, бад нест!
– Яъне маъқул нест?
– Ба худат маъқул аст?
– Бале!
– Муҳим ҳамин аст. Оё касе пайравӣ кард?
– Алҳол не. Аммо дунё ба умед, шайтон ноумед.
– Норак қасри мўҳташам аст. Қасри мўҳташами дўстӣ.
Онро тамоми мардуми собиқ Шўравӣ бунёд намуданд. Аммо Роғун дигар аст. Он қасри мўҳташами нангу номуси миллати тоҷик мебошад!
Ман итминони комил дорам, ки халқи тоҷик Роғунро месозад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор