Шоҳроҳи истиқлол

- Ўҳ!..
Баробари нидои ронанда мошин замин газид ва сахт қиғғос зад. Ва чунон такон хўрд, ки пирамард кам монда буд аз нишастгоҳ биафтад. Қариб сараш ба шишаи ҷилави мошин бархўрад. Ибтидо Фурўғ ба худ омад:
– Сабил монад.
– Чӣ ҳодиса рўй дод, писарам? – ба ташвиш афтод пирамард.
Садои пирамард ба ҳадде пуризтироб буд, ки Фурўғ шитобзада шарҳ дод:
– Дар рўи роҳ ким-чизе ҳаст.
– Нахо-о-од? Э саг-паг будагист? Ҳоло чӣ бисёр, саги девона.
– Ку бинем.
Фурўғ ба чашми худ бовар намекард. Рўи роҳ писараке мехобид. Даҳ-дувоздаҳсола. Маҷрўҳ, оғуштаи хоку хун.
– Кадом ронандаи нохалафе зада гурехтааст, – бо андўҳи гарон, қариб ки гириста гуфт Фурўғ.
– Оҳ, Худоё! – дар бадани пирамард мурғак давид.
Писарак зинда буд, ҷон дар бадан дошт. Нолиши дардолуд мекард. «Оча! Очаҷон!» мегуфт.
– Аҳволаш вазнин, падар, – бо тарсу ҳарос ва саросема гуфт Фурўғ ба пирамард. – Бисёр вазнин. Ўро тезтар ба беморхона бурдан лозим.
– Истед, писарам, истед, саросема нашавед, – ташвишомез гуфт пирамард ва дуздона ба гирду атроф чашм давонд. – Охир, ин кори бозӣ нест.
– Чӣ бозӣ нест? – нафаҳмид Фурўғ.
– Ҷавони аҷибу раҳмдиле ҳастед. Дили раҳмин ҳамеша ғамгин, гуфтаанд.
– Шуморо нафаҳмидам, падар.
– Оё шумо наметарсед? – бо эҳтирос суол кард пирамард.
– Аз чӣ? Аз кӣ?– бо тааҷҷубу ҳайронӣ пурсид Фурўғ.
– Некӣ мекунеду ба сад бало мепечед, писарам, – бо алам гуфт пирамард. – Кӣ бовар мекунад, ки ин бачаро мошине зада гурехтааст? Кӣ? Аз шумо домангир мешаванд. Шуморо гунаҳгор мекунанд. Ба бало мемонед, азоб мекашед. Ҷони ҷавон доред. Ба ҷони ҷавонатон ҷабр накунед. Мефаҳмед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор