Шоҳроҳи истиқлол

Ҳиссиёти вазнин ва пуртаҳлукае тазйиқаш медиҳад.
– Падар, ҳоло вақти ин гапҳо нест, – бо андўҳи гарон вале ҷиддӣ гуфт Фурўғ. – Охир, дар ин ҷо марг тантана дорад, марг табассум мекунад. Бачаро бояд наҷот диҳем. Баъд ягон гап мешудагист.
Пирамард каме фикр карда, гуфт:
– Биё, беҳтараш мошини ёрии таъҷилиро ҷеғ мезанем.
– Падар, магар намедонед, ки онҳо чӣ хел кор мекунанд?
Мошин нест, бензин надоранд. Боз ҳазору як баҳона меёбанд. То меоянд, ки шаб рўз мешавад. Аз сад ҷони бача як ҷонаш ҳам намераҳад. Худамон ўро ба беморхона мебарем.
Ҳар дақиқа ғанимат.
Пирамард бо овози пуряъсу илтиҷоомез гуфт:
– Биё, ягон касро ҳамчун шоҳид бо худ гирем.
– Не, падар, вақт меравад. Шоҳиди мо Худои тори сар.
Ҷасорати Фурўғ ба пирамард ҳам ҷасорат бахшид. Ва аз беандешагии худ хиҷолат кашида гуфт:
– Хоҳиш мекунам маро бубахшед, писар. Ҳа, ҳа, рост мегўед, писар! Вақт ғанимат!
Гўё бори вазнине аз китфони Фурўғ бардошта шуд.
Андаке нафасаш рост гашт.
Пирамард писаракро бо эҳтиёт ба оғуш гирифт. Нолаи ҷонкоҳи писарак баланд шуд. Дард кард ҷони пирамард, сўхт мағзу устухонаш.
Мошин аз нав роҳ гирифт.
– Оҳ, Худоё! Худовандо! Дар паноҳат нигоҳ дор!
Садои мотор баландтар шуд, мошин бо суръати тез ба пеш метохт.
Дар оғўши пирамард марг қаҳ-қаҳа дошт, панҷа ба ҷони писарак мезад. Писарак базўр «Оча… Очаҷон…» мегуфт.
Пирамард мехост худро мард бигирад, вале оби дидааш ба ў итоат намекард. Беист мерехту мерехт…
– Тезтар!.. Аҳволи бача вазнин аст!..
– Ҳой, ҳой! Оҳистатар! Ин ҷо кўча не, беморхона, – гуфт бачазанаки зардинаи мўйбуридаи хилъати сафедпўш. – Чӣ ҳодиса рўй додаст?
– Магар намебинед… Бачаро мошин задааст… Тезтар ҷарроҳӣ кардан лозим…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор