Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Ман бояд ҳуҷҷат пур кунам, – вай паси миз нишасту қаламро ба даст гирифт. – Чӣ ном дорад? Чандсола? Адреси хона? Падару модар? Кӣ задааст? Дар куҷо задааст? Чаро задааст?..
– Хоҳарҷон, – бо зорӣ гуфт Фурўғ. – Ҳуҷҷатҳо намегурезанд, баъд пур мекунед. Ҳоло бачаро наҷот додан лозим.
Бачазанак сар ҷунбонид ва нафасе сукут карду сонӣ аз ў пурсид:
– Чӣ ном дорӣ?
Ў зуд номашро ба забон овард.
– Аз куҷо мешавӣ?
– Охир, ин ба бача чӣ дахл дорад?
– Дорад, ки мепурсам. Ман ҳамшира. Инро ҷарроҳ ҳал мекунад. Рафтем ба утоқаш.
Ҳамшира қарс-қарс сақич хоида, онҳоро назди дари ҷарроҳ бурд. Дарро тиқ-тиқ нохун зад.
– Кӣ?!
– Ман, Гулсанам…
– Даро.
Ҷарроҳ марди тоссари фарбеҳи қассобнамо зери чашм ба онҳо нигарист.
– Ҳамшира, чӣ гап?
– Кўдаке вазнин…
Ҷарроҳ ўро песонда дод зад:
– Чанд бор гўям, ки сақич нахой?!
– Бахшиш…
– Чӣ мехоҳӣ? Тезтар гап зан.
– Бачаро ҷарроҳӣ кардан лозим.
Ҷарроҳу ҳамшира ба ҳам нигаристанд. Нигоҳашон маъниҳои зиёд дошт. Онро танҳо худашону Худо медонист.
– Чӣ шудааст ба ў?
– Мошин задааст.
– Мошин задааст?! – бо шунидани ин хабар қариб изҳори шодмонӣ намуд ҷарроҳ, вале дарҳол ба худ омад, эҳтиёт шуд.
– Хайр шуд, шуд, – ғур-ғур кард ҷарроҳ. – Рафта об биёр.
Обе нест, ки чой монам. Аз ташнагӣ сўхтам.
Назари ҷарроҳ ба Фурўғ афтод.
– Ту ронанда?
– Ҳа… Ман… Ман ронанда… Ман ўро…

пешина
аз 276
навбатӣ