Шоҳроҳи истиқлол

– Охир, хонӣ мемурӣ-а?! Пул дорам гуфта, праваро мехариву газро зер мекунӣ. Ман бояд милиса ҷеғ занам…
Рўи хотири писарак Фурўғ ин таҳқирро фурў бурд.
– Не, не, ман назадаам, – гуфт Фурўғ. – Худо нигоҳ дорад.
Ман ўро аз роҳ гирифта овардам...
– Ҳа-а, шуд, шуд! Яъне ту падари кўдак мешавӣ?
– Не, ман падараш не. Ман бегона, намедонам, ки ў кист ва аз куҷост. Гуфтам-ку, ман ўро аз роҳ бардошта овардам.
– Ин мўйсафед бобояш?
– Вай ҳам бегона аст.
– Ин бегона, вай бегона, – бо иллат гуфт ҷарроҳ. – Пас ҳаққи хизмати моро кӣ медиҳад?
Ҷарроҳ нигоҳи сард ва бераҳмонае дошт.
– Чӣ хел ҳаққи хизмат?
Ҷарроҳ чунон бо ҳайрат ва тааҷҷуб ба ў нигарист, ки гўё баногоҳ аз сайёраи дигар фуруд омада бошад.
– И-иъ! Аҷоиб-ку!
– Чӣ аҷоиб? – суол кард Фурўғ.
Ҷарроҳ лабханд кард.
– Чӣ аҷоиб? – гашта пурсид ҷарроҳ ва афзуд: – Дору, асбобу анҷом, кор ва боз ҳазору як майда чуйда… Ҳамаи ин пул меистад, домулло. Ё аз кисаи худам диҳам?
Пирамард ўро сари инсоф оварданӣ шуда гуфт:
– Эй писарам, мову шумо аз як кундаем.
– Чӣ-ӣ?! Ман кунда?!
– Не, не, ман гуфтанӣ, ки мову шумо мўъмину мусалмонем, ба Худо ки савоб мегиред… Дар дунё аз ин кори савобтар нест. Бовар кунед.
Ҷарроҳ ба хашм омад:
– Ҳой, пиракӣ! Тормоза зер кун!
– Чӣ? Кӣ?
– Ку як бор ҳалво бигў!
– Чч-чӣ-чӣ?!
– Як бор ҳалво бигў!
– Худоё, кар шудаам чӣ бало! Чӣ бигўям?
– Ҳалво!
– Ҳалво?
– Боз як бор такрор кун!
– Ҳалво…
– Мазза кардӣ? Даҳонат ширин шуд? Не, ширин шуд?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор