Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пирамард музтар монд.
– Дидӣ, бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Савоб!
Савоб! Аз пиракиҳо танҳо ҳамин гапро мешунавӣ. Поят дар лаби гўру гўрро ҳам намефаҳмӣ. Ман даҳто хўранда дорам.
Даҳто-о! Фаҳмидӣ? Ману ҳамсарам ва ҳашто фарзандам. Аз савоб шиками фарзандонам серу танашон пўшида намешавад. Боз мактаб бидеҳ мегўяд, боғча бидеҳ мегўяд, инаш те мегўяд, ваяш те мегўяд… Эҳ-ҳ!.. Боз главврач ҳаст, горздрав ҳаст, минздрав ҳаст… Эҳ-ҳ!.. Ту бошӣ «Савоб! Савоб!» гуфта сафсата мехонӣ.
Пирамард ба ў чашм дўхт. Мехост сухане гўяд, аммо нафасашро сахт чизе гирифт. Ҷарроҳ дар дил завқид. «Ҳа-а, забонат ба комат фурў рафт? Бовар кардӣ? Э, сода, сода! Дар бисотам як писар дорам. Пас аз панҷ сол ба дунё омад. Чӣ азобҳое накашидем. Пеши сад касу нокас сар хам кардем.
Лекин шер омад, шер! Чор кило! Ҳоло ў эрка. Нозу нузаш беҳисоб. Талаботаш калон, баробари даҳто».
– О…о…
– О по нест. Ана ҳамин хел. То пул наоред, аз ҷоям намехезам.
– Ҳо.
Ҷарроҳ ўро песонд.
– Чӣ ҳо?!
– Наметарсед?
– Чӣ-ӣ? – Ў абрўвонашро барҳам кашида, чашмони хурдхурди дар косахона чуқур афтодаашро боз ҳам тангтар карда, оташи ғазабашро ба тарафи пирамард фиристод: – Аз кӣ?
Аз ту? Ту, ту?!
– Илтимос, ту-ту накунед, – ҷиддӣ гуфт ў ва афзуд: – Не, аз ман не, аз давлат. Аз сиёсати давлат хабар доред ё не?
– Ғам нахўр, хуб хабар дорам, – истеҳзоомез гуфт ҷарроҳ.
– Ҳамин сиёсат маро қурбон кард.
– Магар намедонӣ ки ташкилоте зидди порахўрӣ амал мекунад. Порахўронро ба маҳкама мекашад. Рўзашонро сиёҳ мекунад.
Ҷарроҳ аз ин сухан мори ба хашм омада барин якбора сар боло кард:
– Ҳой, мўйсафед! Ту маро натарсон! Ман бисёр тарсидагӣ!
– Пас маълум, ки ту аз давлат наметарсӣ?
– Заррае ҳам. Гап дорӣ?

пешина
аз 276
навбатӣ