Шоҳроҳи истиқлол

Пирамард лаб фурў баст.
– Чаро хомўшӣ? Ба гапи рост чӣ ҳам мегўӣ?
Пирамард бо чашмони пур аз ғазаб ба вай нигариста, сипас густохона пурсид:
– Гўш бикун, хайр, аз давлат наметарсӣ, аз Худо чӣ?
– Не! Боз ҳам не!
– Ба Худо бовар надорӣ?
– Не!
– Буздил ва ҳақир ҳастӣ?
– Не, ҷасурам. Зеро дар ин ҷо Худо манам!
Аз беадабӣ ва ноинсофии ҷарроҳ оташи хашми пирамард аланга зад:
– Чӣ-чӣ? Чӣ гуфтед?!
– Нашунидӣ? Гуфтам, ки дар ин ҷо Худо ман ҳастам.
– Шумо-о-о?!
– Ҳа, ман, ман!
Рагҳои чаккаи пирамард парида, дилаш аз қафаси сина берун ҷастан мехост.
– Астағфируллоҳ гўед, тавба кардам, гўед.
– Э бас-е! Гап ёд нате! То гулў серам!
Ғаму ғусса, дарду алам, хашму навмедӣ дар ниҳоди пирамард бо ҳам печиду якбора дар мағзаш эҳсоси мағшуш ба ҷунбиш омад. Ва ҳамчун барги хушки дар оташ афтода даргирифт:
– Э садқаи вазифаи пуршарафи духтурӣ шавед шумо!
Шумо қасами Гиппократро бо пул мефурўшед?!
– Э ҳой! Чӣ ин қадар Гиппократ, Гиппократ мегўӣ? Гиппократ ҳам агар имрўз мебуд, бе пул коратонро буд намекард! Ман гений гуфта, шояд даҳ баробар зиёдтар ҳақ мегирифт. Фаҳмидӣ!
Чашмони ў чашм набуд. Як пора шишаи сард буд. Ва холӣ буд. Ғам надошт. Дард надошт. Нанг надошт. Ор надошт.
«Дили ў сард аст, сад оташ занӣ ҳам гарм намегардад».
– Майлаш, ман пул медиҳам, – Фурўғ даст ба ҷайбаш бурд. – Ана ҳамагӣ сад сомонӣ дорам. Мешавад?
– Чӣ-ӣ?! – ҷарроҳ абрў чин кард, қавоқ гиронд, яъне нафраташ омад. – Сад сомонӣ ҳам пул шуд?!
– Ё тавба!..
– Замона охир шуд… – гуфт пирамард ва даст ба ҷайбаш бурд. – Ана ман ҳам бист сомонӣ дорам. Бигир!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор