Шоҳроҳи истиқлол

– Дузд бошу боинсоф бош гуфтаанд, – пирамард хост аз
гиребони ҷарроҳ гирад. – Чаро дусад доллар? Чаро?
Фурўғ чолокона пирамардро ба оғўш гирифт, ба курсӣ шинонд.
– Чаро?... Чаро?... – такрор мекард пирамард.
– Ором шавед, падар, хоҳиш мекунам, ором шавед!
Ҷанҷол накунед, падар. Пул ёфт мешавад, бача шифо ёбад шуд.
Дили пирамард боизтироб метапид, нафасаш дарун афтид.
Фурўғ ба ҷарроҳ рўй овард:
– Майлаш, ман розӣ. Ман ба хонаи як дўстам меравам.
Шумо ҷарроҳиро сар кунед.
Ҷарроҳ лабханд зад.
– Э, не-е! Ин ҷо бозор не. Мо насия кор намекунем. Биёред, мебинем.
– То омадани ман…
Аз ин тасаввур дилаш таҳ зад, баданаш ба ларза омад.
– Дунё чапа намешавад. Даматро ба дарун зану тезтар рав.
– Гуфтам-ку, аз дўстам гирифта меорам.
– Надиҳад чӣ?
– Медиҳад. Вай дўстӣ ҷонӣ. Барои ман ҳеҷ гоҳ «не»
нагуфтааст.
– Ҳе, сода, сода! Ҳоло медонӣ дўст чӣ? Пул! Фаҳмидӣ?
Хост гўяд, ки ҳамаро ба худ чен накун. Вале нагуфт. Дигар гапро ҳайф донисту вақтро ғанимат.
– Ана дусад доллар!
Аз тез-тез роҳ гаштан Фурўғ ҳаш-ҳашкунон нафас мекашид.
– Тиш-ш-ш! Оҳиста гап бизан! «Девор муш дораду муш – гўш!»
– Муш?..
Табассум дар лабони ҷарроҳ гул кард. Чашмонаш барқ заданд. Оташи ин барқ мағз-мағзи ҷони Фурўғро сўзонд.
– Ҳа, ин ҷо чӣ бисёр, мушу мушбача. Чашми ҳамаи онҳо ба дасти ман чор.
Ҷарроҳ ҳарисона пулро аз дасти ў гирифта ба киса андохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор