Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Ана ин гапи дигар. Мешудааст-ку! То сахт наоӣ, ақлатон намедарояд-а?
Фурўғ то сухани ноҷое нагўяд, оҳи ҷуқуре кашид.
– Шуд! Корро сар кардан мумкин, – гўён бешитоб аз утоқ баромад.
Ба тани Фурўғ ҷон, ба дилаш мадор омад. «Худоҷон!» – гўён чанд ояти медонистагиашро хонд. Ва аз Худо шифои писаракро талабид. Вале ҷарроҳ чунон оҳиставу бепарво роҳ мерафт, ки гўё ба зиёфате равон аст. Ғусса дили Фурўғро фишор доду ба ў рў овард:.
– Акоҷон, тезтар, илтимос…
Ҷарроҳ ба сўи ў нигоҳи аҷибе партофт, гўё ба Фурўғ каме нафрат дошт. Баъд қариб бо ғазаб дўғ зад:
– Ту кори худатро дон! Ба ман ақл нашав!
Сипас бо ҳамон оҳанг изофа намуд:
– Ман худам медонам чӣ кор мекунам.
Назди дари ҷарроҳхона ҷарроҳ ба сўи онҳо дўғ зад:
– Харатона ҳай кунед!
Фурўғу пирамард паси дар монданд.
– Худоё! – нолид пирамард. – Пулат набошад, мурдаатро зоғон мехўранд!
– Бале, рост мегўед, падар.
– Оҳ, Худоё!..
Фурўғ беқарор буду дар худ меларзид. Дилаш сип-сиёҳ.
Пеши чашмонаш танҳо писаракро медид, ки «Оча! Очаҷон!»
мегуфт. Ў ҳам дар дил: «Худо! Худоҷон!» мегуфт.
Пирамард ҳам ҷои нишаст намеёфт. Ба Худо рў оварда, беист дуо мехонд.


Ҷарроҳ бо ҳаловат ба ҳамшира амр кард:
– Ба ҷарроҳӣ тайёр шав!
– Ҷарроҳӣ лозим не, – оҳиста гуфт ҳамшира.
– Чӣ хел лозим не?! – ба сўи ў дўғ зад ҷарроҳ. – Кӣ гуфт ки лозим не? Кӣ? Гап зан?
– Охир, дер шуд, – бо андўҳ гуфт ҳамшира. – Дигар ба ў ҳеҷ кас ёрӣ дода наметавонад.
– Чӣ хел дер шуд? – бо ҳамон оҳанг гуфт ҷарроҳ. – Ба чӣ дер шуд?
– Бача мурд, – гунаҳкорона пичирос зад ҳамшира.

пешина
аз 276
навбатӣ