Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Мурд? – бепарвову беғамона пурсид ҷарроҳ. – Нахо-оод? Ҳм…м. Хайр ҳеҷ гап не. Мурда бошад ба мо чӣ. Мо ҷарроҳӣ кардан мегирем.
Ва ў дар дил хандид: «Э гаранги Худо. Пулаш додагӣ, дар кисаам».
Дилаш фараҳ, вуҷудаш лаззате дошт.
«Чок мекунему медўзем. Барои ман аз ин кор дида кори осоне нест. Мисли карат ду ду-чор. Бори аввал не-ку? Баъд худро андўҳзада мегирему мегўем, ки аз дастамон ҳар чӣ ки омад кардем. Тақдираш ҳамин будааст. Ҷояш ҷаннату гўраш пурнур бошад. Охир, мо Худо не-ку! Аз мо не, аз Худо домангир мешаванд. Тамом вассалом! То ба имрўз ягон кас эътироз кард? Не! Ҷанг кард? Не! Гапи сахт гуфт? Не! Ба ҷое арзу дод бурд? Не!»
Ҷарроҳ дасти писаракро ба даст гирифт. Он ях барин хунук буд. Ба рўяш нигарист.. Нигаристу нигарон монд. Шинос барин. Кӣ бошад? Дурустар зеҳн монд. Ва гўё барқ зад, ки таконе хўрд. Ҷарроҳ бачаро шинохт. Вай ягона писараш буд.
– Не-е! – дод зад ҷарроҳ. – Не! Не!
Вале ин ҳақиқат буд, ҳақиқати талх.
Дили ҷарроҳ сонияе аз кор монд, банди пойҳояш суст ва беҳол шуданд. Сараш чарх зад, нафасаш танг омад. Аз ҳаракат монд, дар ҷояш шах шуд. Баъд ба худ омаду фиғонаш ба фалак печид. Фиғон мекашид, мўю рўй меканд. Сар ба дару девор мезад.
Аммо…
Вале…
Лекин…
Афсўс, сад афсўс!..
15 ноябри соли 2009

пешина
аз 276
навбатӣ