Шоҳроҳи истиқлол

Маҷид САЛИМ
ҶУФТИ ПАРАСТУ
Ҷуфти парасту омадани баҳорро хеле пазмон шуд. Вале шамолу барфбоди рўзҳои охир дили онҳоро тангу ғамгин медошт. Парастуи модина ҷуссаи хурдакакашро лўнда карда, базўр қанотак зад. Ҳавои хунук асараш кард, ки оҳиста паҳлуи парастуи нарина омада нишаст. Якдигарро таги бол гирифта, ғанаб рафтанд, аммо хоб аз куҷо? Парастуи нарина аз тани гарми ёраш ҳаловат бурда, ба он ҷафстар шуд. Бо минқор болҳои ҷуфташро ба тартиб овард. Аз борони сел шоху панҷаи гулу буттаҳои навмуғча пуроб буданд, шамол навдаҳои тарро алвонҷ медод. Парастуи модина дигар хунукиро ҳис накард, ў чашмони сиёҳашро пўшида таги тефи пуштибонаш дурусттар паноҳ бурда. Ҷониби кўҳсорон чашм дўхт ва аз дил гузаронд: «Албатта пагоҳ гарм хоҳад шуд.
Охир, баҳор омадааст, наход сардиҳо ба дили зимистон назада бошад? Кӣ медонад, шояд зимистон қасди баҳори нозанин дорад?»
Ин дам боз шасти хунукӣ афзуд. Тундбоди сабуке ба боғистони болои деҳаҳои кўҳӣ ҳамлавар гашт. Шамол хаёле охирин нафасҳои зимистонро дар шонаи гулу буттаҳо шинондан хост. Дар як дам гулҳои зебои зардолуи чатрсафед ба замин рехтанд. Шохҳои пургули себи хубонӣ ҳам урён гашт.
Ноилоҷ ҷуфти парасту дар таги баргҳои паҳни чанори пир ҷо гирифтанд. Дигар онҳоро шамоли дайду кордор нашуд.
Парастуро гулу муғчаи нав шукуфтаю ба замин рехта сахт ғамгин кард. Ў аз ин муносибати бераҳмонаи табиат тааҷҷуб дошт.
Оҳ, онҳо имсол чӣ қадар баҳорро интизорӣ доштанд!
Охир, мо, парастуҳо, бе баҳор ҳеҷем. Баҳор аст, ки мо зинда ҳастем. Яке боду борон монду боз офтоб баромад. Осмони деҳа софу беғубор гашт. Парасту дид, ки селаи гунҷишкон аз порисае парида, болои буттаҳои навмуғча нишастанд. Аз ин манзараи дилфиреб дили парасту таҳ кашид, хурсанд шуд, ки гармӣ дамид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор