Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Парастуи модина аз таги тефи ёраш берун шуда, аввал болафшонӣ кард. Аз шохе ба шохи дигар парида овоз баровард.
Шодӣ кард, болҳояшро дар ҳавои кушод васеъ кушод, ба тану ҷонаш гармӣ давид, баъди парвозҳои дур аз кишвари ҳамсоя аз нав ҷисми заифаш қувват гирифт. Тамошои боғу роғ, сабзаҳои навруста завқашро бедорӣ дод, шукр дошт, ки боз ба диёри сабзаҳо расид. Худо хоҳад, баҳор ин ҷо мемонаду лонаи порсолаашро аз нав обод мекунад. Ин дам парастуро баҳори гузашта, азоби лонасозиаш ба хотир омаду дилаш яке хиҷил гашт. Башаст парида, болои шохчаи зардолу нишаст. Парастуи нарина, ки хеле рамузфаҳм аст, даррав ҳис кард, ки дўсташ хафаву малул аст…
– Чаро дар як дам авзоят дигар шуд? Аз чӣ хавотирӣ?
Парастуи модина аввал чизе нагуфт. Балки бо дидаи аламдору хаста ёрашро навозиш карда аз дил гузаронд:
«Охир, чанд маротиба гуфтам, ки биё, ин диёрро аз ёдат барор! Ҳарчанд мулки сабзу хуррам ва дилкаш асту боғу роғҳои васеъ дорад, вале лонасозӣ мушкил аст. Охир, лонаамон боз вайрон нашавад!» Парастуи наринаро хомўшии маҳбубааш бетоқат кард. Ў гирди зардолу давр зада паҳлўяш нишаст.
Бо минқораш парастуро навозишкунон пурсид:
– Чӣ хомўшӣ? Гап зан охир! Чунин боду ҳавои мушкбез барои сайругашту ишқварзист. Аммо ту хомўшиву хаста.
Парастуи модина нигоҳи маъюсонаашро аз атроф канда гуфт:
– Охир, дар он хонаи порсола чӣ хел лонаамонро таъмир мекунем? Аз соҳибаш тарс дорам.
Ин суханони ошно парастуро яке ҳушёрӣ дод, дарк кард, ки манзили кўҳнаро обод доштан албатта, душвор нест, вале муомилаи соҳиби ҳавлӣ пеши рўяш омад. Он сол ў ду маротиба лонаи парастуҳоро вайрон карда буд.
Парастуи наринаро чизе ба хотираш расид, ки нидо зад:
– Ин қадар роҳи дурро тай кардем, акнун баргаштан хосияти хуб надорад. Охир, мо ба одамон чӣ бадӣ кардаем?
Балки парасту аз давраҳои хеле қадим дўсти одамизод будааст.
Парастуи нарина ин дам нақли модарашро ба ёд овард.
Азм кард, ки то ёфтани лонаи порсолааш ҳамин саргузаштро ҳикоя кунад…

пешина
аз 276
навбатӣ