Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мегўянд, ки ҳазрати Сулаймон забони ваҳшу тайрро медонистааст. Душманон аз ин амалу заковати вай ҳамеша хавф доштаанду дар қасду қасос будаанд. Боре кофирҳо ҷонваронро ҷамъ намуда, бо роҳи фиребу найранг қасди ҷони ҳазрати Сулаймон кардаанд. Хостаанд, гулхани бузурге афрўхта, дар он ҳазратро сўзонанд. Вале ба ҳезумкашонӣ аксари ҷонварон розӣ нашудаанд. Дар ин миён танҳо хари нодон розӣ шудааст, ки ҳезум орад. Оқибат хар ҳезуми бисёре кашонда ғарам кардааст.
Мори бадкирдор ҳам харро пайравӣ намуда, бо думи дарозаш оташ афрўхтаст. Ана дар ҳамин вақт парасту дар даҳонаш об оварда, хостааст, ки оташро хомўш созад. Душманон ҳазрати Сулаймонро рўи гулхани оташ шинонда, хостанд ўро сўзонанд, ки яке бо амри илоҳӣ малоикаҳо ба ёрии ҳазрати Сулаймон омада, ўро наҷот додаанд.
Баъдтар ҳазрати Сулаймон ҳамаи ҷонваронро ба манзилаш даъват намуда, сабаби ин ҳодисаро пурсидааст.
Нахуст ҳазрати Сулаймон аз хар пурсидааст:
– Эй хари нодон, чаро ту қасди куштани ман кардию ҳезум кашондӣ? Магар аз ман ягон бадӣ ба ту расида буд?
Хар бо пушаймонӣ нидо кардааст:
– Аз шумо, ҳазрат, мо, ҳайвонҳо, танҳо некӣ дидаему халос. Аммо мани нодон оқибати корамро фикр накардаму ба ин амали зишт розӣ шудам.
Ҳазрати Сулаймон суханони содалавҳонаи харро то охир шунида:
– Ту дар ҳақиқат ҳайвони нодону бетамиз будаӣ. Илоҳо як умр ҳамчунин нодону аблаҳ бимонӣ, – гўён омин кардааст. Сипас ба мори зираку ҳушёр муроҷиат намудааст:
– Ту, кўрмор, соҳиби дили зебою чашмони тез будӣ. Оё ягон вақт нисбати ту беадолатӣ шуда буд, ки бо нўги думат оташро баланд намудӣ?..
Кўрмор ба худ печида гуфтааст:
– Ман ба роҳи шайтон рафтам, оқибати корро фикр накардам. Маро бубахшед…
Ҳазрати Сулаймон, ки хислату хўи ҳамаи ҷонваронро хуб медонист, аз ин посухи мор ба ғазаб омада амр кардааст:
– Илоҳо, кўр гардӣ ва аз думи зебоят маҳрум бимонӣ, як умр сарсону саргардон шавӣ!
Ниҳоят ҳазрати Сулаймон бо меҳру муҳаббат ба парасту назар афканда гуфтааст:

пешина
аз 276
навбатӣ