Шоҳроҳи истиқлол

– Эй парандаи зебо. Ман медидам, ки дар даҳанат об гирифта, ҳар замон рўи оташ мерехтӣ, ҳарчанд алангаи оташ баланд буд, ту аз раҳат намегаштӣ?!
Парасту арзи эҳтирому итоатро ба ҷо оварда гуфтааст:
– Мо ба шумо ихлос дорем. Шояд оташ баланд буд, вале оташи меҳру муҳаббати шумо болотар буд, бисёр мехостам, ки шуморо наҷот диҳам.
Аз ин ҷавоби парасту ҳазрати Сулаймон қаноатманд шудааст ва дар ҳаққи парасту дуо кардааст:
– Илоҳо, ҳамеша лонаат дар макони одамон бошаду инсоният туро дўст дорад ва дар фасли баҳори нозанин лонасозӣ намоӣ.
… Вақте ки нақли ривоят ба охир расид, офтоб як қади найза баланд шуда буд.
Пеш аз парвоз парастуи модина боз изҳори нигаронӣ кард:
– Аз он айём солҳои зиёде гузаштаанд, акнун одамон ҳам дигар шудаанд. Ба онҳо эътимод нест...
– Не, ин тавр нагўй. Охир, одамизод парастуро дўст медорад. Аз диданаш шод мешавад. Чун парандаи бахосият дар хонааш роҳ медиҳад…
Парастуи модина паст наомад:
– Он солҳо гузаштаанд. Дунё дигар шудааст. Акнун одамизод бо зоти худаш рақобат дорад. Мо чӣ? Ҳамагӣ як парандаи оддием.
– Ин тавр нест. Ҳоло ҳам одамон парастуҳоро нағз мебинанд.
– Чӣ хел нағз мебинанд, ки маҳз одамон кабкро дар қафас кардаанд?! Дигар ҳайвонот ҳам мутеи одамизод шудаанд...
Парастуи нарина аз ин посух ба риққат омад. Афсўс хўрд, ки дар ҳақиқат солҳои охир муносибати одамон ба парандаҳо дигар шудааст, аммо сир бой надода парвозашро идома дод. Онҳо боғу майдонҳои киштзорро давр зада, оқибат манзили шиносро ёфтанд. Ин ҳавлии боҳашамат манзилгоҳи онҳо буд. Дар сақфи пешайвони хона лонаи порсола менамуд. Ҷуфти парасту болои ҳавлӣ парвоз карда, шодона дохили пешайвон шуданд. Болои лонаи кўҳнаи худ нишаста байни худ чиқ-чиқ карда, онро аз назар гузаронданд.
Мазмун, таъмири нав зарур! Онҳо аввал соҳибони ҳавлиро надиданд. Бахусус парастуи модина дар ташвиш буд. Ў суроби соҳиби ҳавлӣ – зани сурхинаи чорпаҳлўеро, ки базўр роҳ мегашт, нағз дар хотир дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор