Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз марди хона – мўйсафеди Нуралӣ хотирҷамъ буд. Аммо аз зани вай ҳарос дошт.
Балки дар як гўшаи дилаш гумоне ба сайр, ки шояд хислати вай занак дигар шудаасту акнун ба парастуҳо меҳрубон аст.
Ў кай медонад, ки одамизод хислату муносибати бад ё некашро то ба гўр бо худ мебарад ва ислоҳ шуданаш гумон аст.
Ҷуфти парасту бо умеди навсозии лонаи кўҳнаи худ берун парид. Хеле давр зада, оқибат ҷои нармеро пайдо намуданд.
Бо оби даҳон лойхонае рост карданд. Акнун кулўхчаҳоро нарму майда карда ба ҳам хеле моҳирона мечаспонданд. Парастуи нарина регмайда меовард. Онҳо саргарми кор буданд, мехостанд лонаро пурра аз нав созанд. Ҷуфти парасту бо навбат ба пешайвон даробаро дошт. Ин дам яке овози дағали занак ба фазо печид.
– Мардак, ҳой мардак, ин ҷо биё! Боз онҳо омадаанд.
Пир аз даруни хона берун шуд.
– Худаш чӣ гап, ҳа?
– Чӣ, намебинӣ, боз ҳамон парастуҳо омадаанд?!
Пир ба лонаи нимтайёри парастуҳо нигоҳкунон завқ бурд.
– Шукр, ки баҳор расиду парастуҳо баргаштанд. Бигузор, лона созанду чўҷа бароранд, – нидо кард пир.
– Эй марди нодон, охир, аз дасти ин парандаҳо шифти хона ғажд мешавад, ҳар гуна коҳу лойро болои пурпечиҳо мерезанд!..
– Занак, ин тавр нагўй, – гуфт пиракӣ. – Охир парасту парандаи бахосият аст. Мон, нарас, бигзор, лонасозӣ кунанд!
– Не, намемонам, ҳамаро ифлос мекунанд!
– Занак, аз барои Худо, ин тавр нагўй! Оқибати ин корат хуб нест. Мегўянд, ки вайрон кардани лонаи парасту боиси харобии хонаи одам мешавад, мефаҳмӣ?
– Эҳ, чӣ ин қадар афсона мегўӣ? Ҳамагӣ як паранда будаст-да. О, дар хона кабк дорем-ку!
Пир дид, ки бо кампир баҳс кардан бефоида аст. Ў маъюсона назди қафаси кабк омад. Ба қафаси гулкорӣ ва кабк, ки дохили қафас беқарорӣ дошт, дуру дароз нигоҳкунон оҳи бадарде кашид.

пешина
аз 276
навбатӣ