Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Ҳай умр! Ана ҳамин кабки бечора ҳам бо сад азоби алим зиндагӣ дорад. Магар ў дар қафас озоду хурсанд аст?
Охир, ҷои кабк кўҳсору домани ёлаву пушта аст, на дохили қафасу хона!
Пир дид, ки кабк худро ба қафас мезанаду ба дону об нигоҳе намекунад. Пару болҳои рехта, тефи захмини кабк дили ўро хиҷил кард. Кабк бо овози паст нолиш дошт. Дар фасли баҳор ўро ҳам хумори тамошои кўҳу дара гирифтааст.
«Чанд бор ба писарам гуфтам, ки ҳамин кабкбозиатро парто, – андешид пир, – вале гапамро нагирифт. Ҳар сол дусе кабкро хона оварда, дар қафас ҷой медиҳад. «Зеби хона»
мегўяд, аммо обу дон доданашро фаромўш мекунад. Ақаллан соатаке сар намедиҳадаш, ки дар хона гардад…»
Пир дари қафасро боз кард. Кабк аввал ҳайрон шуд. Бовараш наомад, ки ўро озод намуданд. Тарсону ҳайрон аз қафас баромада рост ба ҳота парвоз кард. Акнун кабк миёни гулҳои навруста сайр карда ғуч-ғуч дошт. Фикру ҳуши пирамард ҳамоно ба лонаи ҷуфти парасту банд буд. Вайрон кардани лонаи парасту уболи сахт аст! Охир, парасту аз рўйи ривоят одамизодро аз заҳри мор наҷот додааст! Ба ҳимояи одамизод баромада, забони морро буридааст. Мўйсафед азм кард, ки рафта кампирашро мефаҳмонад, ўро аз раъйяш мегардонад, намегузорад, ки парастуи беозор ин ҳавлиро тарк созад.
Пир беруни ҳавлӣ рафта, кампирро пайдо кард. Дид, ки кампираш дар ҷое, ки ҷуфти парасту лона месохт, қарор гирифта, табассум дорад.
Ў пирро дида, хурсандона нидо кард.
– Ин ҷо биё, мардак, бин чӣ ёфтам!
– Чӣ, тило ёфтӣ, ки ин қадар хурсандӣ?
– Эҳ, мардаке, мани нодон аввал ба ин парстуҳо бовар надоштам! Бешубҳа, бахосият будаанд! Ана аз лойи хонаи онҳо ангуштарии гумкардаамро ёфт. Онҳо чунон устокорона лона сохтаанд, ки ҳайрон мемонӣ. Аҷибаш ин ки ангуштариро пайдо карда як тараф гузоштаанд.
Пир хеле ба лойхона нигоҳ карду афзуд:
– Акнун биё, лонаашонро тамошо кунем. Ҳар ду дохили айвон шуданд. Дар кунҷи айвон лонаи зебое ба таври ҳайратовар овезон буд.
Пир лонаро аз назар гузаронда бо ифтихор гуфт:

пешина
аз 276
навбатӣ