Шоҳроҳи истиқлол

– Он ҷост! Ҳуҷҷате надорад. Мегўяд эрониам.
– Ў эронӣ аст! – садойи сарпос омад.
– Аз куҷо донистед?
– Аз чашмонаш… Аз чашмони гирёнаш!!!
ВОПАСИН
Вопасин ҷанговари Ҷанги Бузурги Ватанӣ фавтид. Дина мурд. Ҳоло ҷанозааш дар рўйи хона. Бо аҷали хеш мурд. Аммо тамоми умр ба Худо зорӣ мекард: «Марги беаҷал бидеҳ!» Зеро аз рўзе, ки ба деҳа баргаштааст, «пленник» мегўяндаш. Гўё ба тарафи немис гузашта баройи ба эшон хидмат кардан боз ин сў омада бошад. Вале ў кар. Ҳазор гўянду замину осмонро аз баройи ў шуда ба ҳам часпонанд ҳам, намешунавад, пай намебарад. Гўё дар паси гарданаш оҳанпора ҷой шудааст, сар такон медиҳаду халос; садама дорад. Аммо корӣ, хомўшӣ ва касро нашинохтани ўро баҳона медонанд; гўё қасдан чунин мекунад, ки таъна назананд ва ба идораҳойи дахлдори ноҳия накашанд.
Пештар – баъди ҷангро ба охир расонида се сол дер омаданаш, бофтанду гуфтанд ва ўро хеле тафтишу назорат ҳам карданд.
Вале ў дар ҳама ҷо як чиз мегуфт: «Аминов Амон!» Гўё бо ҳамин таркиб ҳама чизро мегуфт ва кушанд ҳам дигар ҳарфе намедонист. Чунин ҳол шубҳаовартар буд. Ба номаш бастанӣ шуданд «гуреза»–ро. Лек ягон ҳуҷчат тасдиқ накард, аммо бадномӣ монд. Аз ҳама имтиёз маҳрум ҳам монд. Зеро ақли даву тоз ва ҳуҷчатсозӣ надошт. Чунон ки «Аминов Амон» буд, монд. Ў даҳон пур карда, бо ифтихори тамом мегуфт; зеро чунин талаффузро аз сардорони фавҷи низомӣ ёд гирифта буд.
Баъди бомбаборони корзор ва аз таги хок кашида баровардан… ҳамин қадар чиз дар ёдаш мондааст ва дар забонаш танҳо ҳамин чиз меояд.
Ана ҳамин хел одам дина мурд. Бо ҳама орзуву армон; ранҷу азоб, аламу дарду ҳасрати пинҳониву хомўшӣ аз олам гузашт. Мурдааш аз рўйи хона арзу ҳасрат мекунад, касе намефаҳмад чунон ки дар зиндагиаш.
«Аминов Амон дар ин дунё чизе надид. Ҳамаашро дар он дунё хоҳад дид!»
Ин ҳарфро гоҳи ба хок супорида, нав даҳони лаҳадро чимбаст кардан касе гуфт, ки идора ба идора гашта ғаммозӣ мекард, ки Аминов Амон асирафтода ва ҳам гуреза.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё