Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Саттор ТУРСУН

ЛАБ–ЛАБИ ҶАР

Ҳангоме ки вай пас аз гуфтугўи зиёд Абдулаҳадро аз ҳавлиаш берун овард, субҳи козиб гашт карда, гирду атроф аз сари нав торик мешуд. Ҳарчанд дар мобайни осмон қурси симини маҳтоб суст мелағжид ва ситораҳо низ ҳанўз нурафшон буданд, тангкўча тира менамуд; кас базўр медид пеши пояшро. Аз баландии болои деҳа, аз фарози кўҳпораи наздик, боди сабо мевазид. Боди атрбез, насими серун... Ва аз сайри он ба дилҳо бояд фараҳ мерасид. Аммо ба яке мефорид ҳоло ин боди барин, ба дигаре – не. Чашмаш ниҳоят ба торикӣ одат карда ва тангкўчаро андак равшан дида, аз чӣ бошад амиқ оҳ кашид ҷавон. Баъд қафаси синааш дамида, ба Абдулаҳад нигарист.
–Хуб, биравем.
–Агар аз ростӣ, чаро наравем?
–Гумонат, ки дурўғ ҳам мегўям?
–Намедонам. Лекин...
–Чӣ лекин?
–Дар ҳар сурат бисёриҳо дурўғ мебофанд имрўз...
Абдулаҳад тани худро аз девори похса барканда, дастони бақувваташ дар пушт қуфлу калид, оҳиста пеш даромад. Азбаски дар хонааш пас аз чуну чароҳо охири охирон осуда шуда, дигар дудила набуд, инак дар пой калўш дошт. Тоқии сафедаш ҳам, ки аз ҳаҷ кардани ў махсус шаҳодат медод, акнун дар тори сараш метофт. Аз мобайни тангкўчаи каҷу килеб, деворҳои ду бараш гоҳ паст ва гоҳ баланди похса, дар зери курта–эзори суф ором қадам мемонд вай.
–Воқиан, номат чист? Дар осемагӣ ҳатто напурсидаам.
–То даме ки ба манзил нарасем, ман ном надорам.
–Барои чӣ? – гарданашро як тоб дода, ба қафо, ба ҷониби ў чашм давонд Абдулаҳад.
–Барои он ки ҳамин тавр фармудаанд ба ман.
–Аа–аа... Яъне, ту ҳоло рафиқи беномӣ?
–Бале, ном надорам.
–Ҳушёр бош, рафту тамоман беном бимонӣ.
–Ин аз одамаш вобаста.

пешина
аз 276
навбатӣ