Шоҳроҳи истиқлол

–Мебинам, ки ба худ эътимод дорӣ.
–Агар не, чӣ! – заҳрханд кард ҷавон. – Бе эътимод то куҷо мерасӣ?
–Алалхусус дар замони мо. Ҳамин тавр?
–Дуруст.
–Ҷони гапро гуфтӣ, бачамард.
–Намедонам ҷони гап буд, ё не… аммо ҳайронам.
–Аз чӣ?
–Агар бигўям, хафа намешавӣ?
–Не–е... Бигўй, ин дунё худаш пур аз ҳайрат.
–Чаро ту ҳоло ба мисли бандӣ, даст ба пушт, зуд пеш даромадӣ?
–Модом ки туро ба суроғи ман фиристодаанд, боз ба автамат... қоидааш ҳамин – бояд итоат кунам.
–Итоат кардан албатта ҳақирӣ набудагист.
–Ман ҳеҷ гоҳ ҳақир нахоҳам шуд.
–Ана ин гапи дигар. Пас биё, паҳлу ба паҳлу меравем. Дастонатро озод бигир.
–Наметарсӣ?
–Аз ту?
–Набошад аз кӣ?
–Ҳаргиз! Муддатест, ки тарс мурдааст дар дили ман.
–Бисёр ҷангидӣ?–дастонашро сар дод Абдулаҳад.
–Бале, – гуфт ҷавон. – Худам ба худам...
–Сарбаста гап мезанӣ, а?
–Ман охир фиристодаам!
–Баъд чӣ?
–Ту муаллими адабиёт. Бояд бидонӣ, гоҳо сарбаста мегўяд фиристода.
–Лекин рост...
–Ман ба ин шак надорам.
–Оҳо–оо! Ту худат чандсолаӣ?
–Бисту серо пур кардам.
–Аҷаб коре шуд, замона ба дасти ту барин ҷавонҳо низ автамат қапонд.
–Яъне чӣ? Ба фикрат мо ҳанўз беақлем?
–Ман дар ин хаёл набудам. Фақат гуфтан мехостам, ки таҷрибаи зиндагӣ лозим аст барои ҷангу ҷидол.
–Ту, албатта, чунин таҷриба дорӣ?
–Дорам ё не, ба ҳар ҳол синну солам то ҷое расидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё