Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

–Худо бигирад ин калўши лаънатиро! – гуфт ба зарда Абдулаҳад.
–Шукр гузор, ки пойлуч нестӣ.
–Хайр, ана шукр...
–Ҳоло мехоҳам ба ту як қисса кунам, – ногаҳон ба забон овард ҷавон.
–Кошкӣ, вақтамон тезтар мегузарад.
–Қисса ин буд...
–Дар ҳар сурат аз шуниданаш талхакаф нашавам, кифоя.
–Вобаста аз он ки чӣ хел қабул медорӣ.
–Ку аввал нақл бикун.
Ҷавон ду–се дақиқа ба сукут рафта, вазнин оҳ кашиду бо як тамкини дардолуд оғоз намуд:
–Писаре буд дар ин дунёи равшан. Шабу рўзонаш хуш мегузаштанд дар паноҳи падару модар, дар паҳлуи хоҳару бародар... Аммо даргириҳои гўё ногаҳон на фақат ягона бародарашро ба корзор кашид, балки ба осоиши вай ҳам рахна зада, дар ҷигараш хори сепарра шуд. Соли наваду ду, вақте ки дар Хуҷанд сессия барпо гардида, пас аз кашмокашҳои зиёд оқибат ҳукумати нав ба сари қудрат омад, он писар дар мактаби калони деҳаи худ дар синфи даҳум мехонд. Гоҳ мерафт ба дарс, гоҳ – не. Рўҳан дар азоб, гарангнамо ва касалманд мегашт; аз сояи девор фарқ надошт, қолаби беҷонро мемонд. Чунки ҳамон тирамоҳ ба ду чашми пурдард як фоҷиаи бузургро дида, қариб девона шуда буд. Ҳоло ҳам, агарчи аз он даҳшати гўшношунид қариб панҷ сол гузаштааст, зуд–зуд тамоми вуҷудаш ба фарёд омада, вай мехоҳад сар ба дашту ҳомун занад. То метавонад, аз худ бигурезад; дар синаи хок ё дар қалби санге фурў равад, абадан нопадид гардад. Лекин осон нест ин...
–Хуб, чӣ даҳшат будааст он? – ҳине ки ҷавон дар банди кадом хаёл печида, як дам хомўш монд, лоқайд пурсид Абдулаҳад.
–Бетоқат шудӣ?
–Нею... ба алам баён мекунӣ, – пушти сар хорид Абдулахад.
–Ҳоло нек мефаҳмӣ, ки он воқиаро бе алам баён кардан мумкин аст, ё не.

пешина
аз 276
навбатӣ