Шоҳроҳи истиқлол

–Кӣ буд ҳамон писар?
–Ман худам!
–Пас хуб чашидаӣ заҳри ин ҷанги хонасўзро, – рост ба чеҳраи офтоббардоштаи ў нигарист Абдулаҳад.
–Ту чӣ? – пурсид ҷавон ба як оҳанги такдор.
–Ман ҳам одами зиндаам, – боз пушти сар хорид Абдулаҳад. – Аслан кӣ нафаси осуда мекашид дар ин гирумон?
–Буданд махлуқоне ки озод нафас мегирифтанд, – ба таъкид гуфт ҷавон. – Хушу хурсанд рўз мегузаронданд. Зеро ҷанг баҳона ба молу маноли бе дарди миён мерасиданд. Ба дуздӣ, ба ғорат, ба хунрезӣ... Ва ҳатто ба хоинӣ!
–Шояд, – чашм ба пеши пояш дўхта, китф барҳам кашид Абдулаҳад.
–Шояд не, айнан ҳамин тавр! – аз нав сахт карда, бо нафрати ошкоро гуфт ҷавон.
–Хайр, асабӣ нашав. Ман, албатта, мебинам, ки ту бисёр ғам хўрдаӣ.
–Худат нахўрда бошӣ, кифоя!
–Маро беҳуда наранҷон, – дар лабони тунукаш як табассуми хунук, калла каҷ карда, гуфт Абдулаҳад. – Нағзаш он қиссаатро идома бидеҳ.
–Роҳамон дароз, то охир мешунавӣ...
Ҷавон автаматро аз китфаш ба даст гирифта, сараш андаке хам, чанд лаҳза хомўш қадам монд. Сипас ба ҷониби Абдулаҳад, ки ин дам хорбуттаеро чап дода мегузашт, бо назари озмоиш як чашм давонда, пурсид:
–Ту ба ман сидқан гўш медиҳӣ?
–Набошад чӣ! – филҳол ҷавоб гардонд вай.
–Агар ин тавр аст, пас бишнав... Ва фикр кун.
–Ба чашм!
–Бе чашм ҳам фикр кардан мумкин! – неш зад ҷавон.
–Рост... – мулзам шуда, дандон ба дандон монд Абдулаҳад.
–Рост ки бошад, ҳоло гўш фаро бидеҳ, – гуфт чавон, дар сурате ки инак чеҳраи ҷаззобаш зиёда ғамгин метофт. – Солҳои охир ҳар қадар ба андеша равам, ҳамон қадар қатъан хулоса мекунам, ки ин ҷанги бераҳмонаи мо на танҳо як пархоши хонаводагӣ, балки афтударафти қавмӣ ҳам буд.
Бале... Алалхусус ба оташи номаш «тоҷик–ўзбак» низ ҳезуми бисёр кашиданд. Дар натиҷа чӣ шуду чӣ нашуд, ки боре, дар авҷи бизану бикуш, аз марказ ва гирду атрофи ноҳияи мо қариб дусад нафар мардинаро (пиранд ё ҷавон, фарқаш набуд) дар ҳавлии калони як идораи сохтмон ҷамъ оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё