Шоҳроҳи истиқлол

Ва шомгоҳон ҳамаро дар миёни чор девори баланд рост монда, се автаматдори рўи хунукашон пачақ, ба назар ҳатто мижаашон хам нахўрда, гўё дар як нафас аз дами тир гузаронданд. Ману раҳматӣ падарам, ки заррае гуноҳ надошт, низ дар байни онҳо будем.
–На–аход? – мутаҳайир сухани ўро бурид Абдулаҳад.
–Ҳамин тавр, ҳоҷӣ! – мад кашида, гуфт ҷавон.
–Тавба! Се кас, а...
–Бале, се нокас бар зидди дусад нафар! Дигар силоҳдорон берун рафта, дарвозаи бастаро посбонӣ мекарданд.
–Онҳо албатта мусулмон буданд?–даст ба манаҳаш бурд Абдулаҳад.
–Мисли худат...
–Чӣ хел хонаашон намесўзад!
–Ҳоло гўш бидеҳ, – гуфт ҷавон ба зарда. – Хўш ки бошад, пеш аз тирборон кушодан рўбарўи мардум истода, бо тамасхур гуфтанд, ки ҳама калимаашро гардонад. Инро шунидан баробар издиҳом ба ҷунбиш омад. Гуна–гуна садоҳои пасту баланд... монанди фарёд, лоба, нидои ҳайрат ва ғайра паҳн мегардиданд дар сатҳи он ҳавлии бавусъат ва пур аз хоку хокрўба, пур аз ҳар хел лашу луш. Моту мабҳут ман чизе намефаҳмидам; банди пойҳоям суст шуда, гўё аз ҷонам рамақе намонда буд. Падарам ба зўри оринҷ маро аз паҳлуи худ ба пушт тела дода, зуд локиашро аз миён кушод. Ва онро ба сар кашида, рўяшро пўшид. Пас ҳамон тавр зуд калимаашро гардонд... Гардонду садои тир баромад, садои мусалсали тирборон баромад. Ва падарам, бечора падарам ба даҳон афтид. Намедонам чӣ хел... вале медонам, ки ман ҳам ғалтидам. Ба пои мубораки ў ғалтидам. Марде ки аз ман қафо меистод, якрост омада ба шонаам бархўрд. Дигар садое дар ёдам нест, яқин муддате аз ҳуш рафта будам. Вақте ба худ шудам, ҳангоме аз зери каши марди ба пуштам афтида гирду пешро дуздида–дуздида аз назар гузарондам, ҳамаро саросар ба хок ғалтон дидам. Ёрои ҷунбидан надоштам, тарсу ваҳм маро ба рўи пойҳои падарам ҳар чи бештар пахш мекард. Чунки он се нафар акнун дар байни афтодагон гашта, ба ҳар тане ки лозим донанд, аз нав тир мезаданд. Ин даҳшат чӣ қадар идома ёфт – як дақиқа, балки як соат...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё