Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Тахминҳо ҳар гунаанд. Мегўянд дар гузашта, дар ким – кадом замоне дар ин маҳал нил ҳосил мекардаанд, нил бисёр буда дар ин макон, кони нил. Ва ба ҳамин муносибат деҳаро Нилкон
– кони нил мегуфтаанд. Аммо ба ин тахмин асоси боэътимод пайдо нашудааст. Боз мегўянд, замоне дар ин ҷо ҳама аҳли ҳунар мезистаанд, матоъ мебофтаанд, ба матоъҳо ранг медодаанд. Ва дар зери қалъае, ки дар поёни деҳа мавҷуд аст, дар соҳили сангоб бозор будааст. Дар танаи қалъа изи хумҳо ба назар метобад, хумҳое, ки аз қади одам баланд. Хумҳоро кандаанд, сафолпораҳо мондаанд. Дар он хумҳо ранг будааст, хумҳои пур аз нил. Ва он барои ранг додани матоъҳои бофандагон истифода мешуда. Ва агар ин ривоятҳо бесабаб пайдо нашуда бошанд, пайдоиши номи деҳа бо рангҳо, ба кони нил алоқаманд. Ва шояд мардум ба ҳамин хотир ба маҳалли мо кони нил – Нилкон ном мондаанд.
Ва гуфтем, ки деҳаи моро Некон ҳам мегўянд. Ва бо ин ном ҳам зикр шудани деҳа сабаб дорад. Қадима аст.
Мегўянд, ки замоне ба ин гўшаи хушманзар гузори гурўҳи одамоне афтода. Онҳо соҳибилм, бофазл, соҳибмартаба. Дар он айёми баҳорон, дар ин гўшаи афсонавии сердолударахт, пургулугиёҳ, дар канори сангоб, ки обаш ширину нуқраосо буда, чанд гоҳе рўз гузарондаанд. Маъқулашон шуда ин мавзеъ. Дигар аз ин ҷо нарафта зиндагӣ ихтиёр кардаанд.
Муқимнишин шудаанд. Ба шарофати онҳо ин ҷо обод ва серодам гашта. Ҷои рафтуомад, муридону муқаррабонашон.
Деҳа ба вуҷуд омада. Ва ба ҳурмати эшон, ки аз ҷигарбандони ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будаанд, барои деҳа ном пайдо мешавад, Некон меноманд онро, деҳаи Некон. Аҳли деҳа ҳама сайидзода, эшонҳо. Сокинони деҳа имрўз давоми он ҷигарбандон – давоми хонадони Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонианд, шаҷараномаашон аз он зоти пок давом ёфта.
Ва яке аз он ҷигарбандони ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки деҳаи Некон аз шарофаташон бунёд ёфтааст, ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф будаанд, ки мазорашон аз он рўзҳо, аз охирҳои асри XV монда. Мазори Ҳазрат дар саҳни зебою барҳавои масҷид, дар ҷониби офтоббаро ҷой ёфтаанд. Дар рў ба рўи мазор ду оромгоҳи дигар. Аз рўи нақлу ривоятҳо яки он мадфани бародар ва дигаре хокдони хоҳари ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф Асмоҳ буда. Баъд як мадфани нав, он манзили абадии қиблагоҳи банда эшони домулло Мирзо, ки ҳамдеҳагон охири моҳи июни соли 1950 он касро ҳамин ҷо ба хок супурдаанд.

пешина
аз 276
навбатӣ