Шоҳроҳи истиқлол

Гирдогирди мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф бо хишт девор бардошта шуда буд, бо хишти пухта. Бо гузашти солҳо ҷо – ҷои деворҳо вайрон шуда, хиштҳо афтода, шикаста, таги хок монда буданд ва мазор намуди вайронае пайдо намуда. Мардуми деҳа деворҳои гаштаи мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатифро аз нав бунёд карданӣ шуданд. Хело сол ҳамин хел орзу доштанд, дар маъракаҳо ва дар масҷид, дар ҳузури намозгузорон дар ин масъала гап мекушоданд, маслиҳат мекарданд.
Соли 1989 ба масҷид имомхатиби нав омад. Ўро бо хоҳиши аҳли деҳа аз ҷониби Идораи қозиёти ҷумҳурӣ фиристода буданд. Шахси фозил, воиз, шўҳратманд. Номи эшон Мулло Саъдиддин. Мухлису эътиқодмандонашон зиёд, суханҳояшон ба ҳама хуш меомад. «Амри маъруфи Ҳоҷӣ Саъдиддинро шунавем» гуфта аз деҳаҳои ҳамсоя, аз шаҳри Душанбе ба масҷиди деҳаи мо намозхонҳо меомаданд. Дар давраи имомхатибии Ҳоҷӣ Саъдиддин масҷид обод ва серодам мегашт.
Дар рўзҳои Иди моҳи шарифи рамазон ва қурбон дар саҳни масҷид ҷой намемонд, ки намоз гузоранд. Саҳни васею озодаи масчид, кўчаҳою боғоти деҳа пур – пури одам мешуд.
Аз панду насиҳатҳои ин инсони мўътабар ҳама баҳравар.
Сухану амалашон мувофиқ, бетамаъ. Мисли баъзе муллою имомхатибҳо аз паи ғун овардани молу амвол, бунёди хонаю дари боҳашамат, мошингирию пулёбӣ набуданд. Хаёлашон ба тоату ибодат, ба мутолиа. Кам мехуфтаанд, тоатӣ, дар забонашон зикри Аллоҳ. Ранҷ мекашиданд, чеҳраашон заъфаронӣ, лоғарандом. Дўсташон медоштанд ҳамнишинону ҳамнафасон. Ободии масҷид, ободии деҳа буданд.
Бо саъйи ана ҳамин шахсияти нексиришт – Ҳоҷӣ Саъдиддин дар деҳа паи азнавсозии мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф афтоданд. Амали хайр шурўъ гашт. Аз ҳар хонадон ба дараҷаи имконашон пул ғун оварданд, баъзе одамони будаманди деҳаро, ки дар шаҳри Душанбе мезистанд, ба нанг андохтанӣ шуданд. Як – ду нафари онҳо гўё миён бастаанд.
Гуфтаанд, ки мазорро худашон месозанд. Дар ин миён нафаре аз аҳли деҳа изҳор карда, ки масъалаи аз нав бунёд кардани мазорро ба ўҳдаи ў гузоранд. Дар дил ў орзуҳо парварида, ҳатто ба кор шурўъ намуд. Рўзе дидем, ки он ҳамдеҳаамон булдозер оварда деворҳои мазори ҳазрати Сайид Шоҳаблатифро мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё