Шоҳроҳи истиқлол

Домуллоимом чун аз вазъи ҳоли Бек огаҳ шуд, каме сукут варзида ба андеша рафт ва сипас чойники чой ва пиёлаашро гирифта назди Бек омад ва паҳлўяш нишаст. Дар фазои чойхона сукунате ҳукмфармо шуд. Одамон ба он ҷониб нигариста муддате чанд карахту ҳайратзада монданд. Домулло як пора аз нони зағораи ў шикаста ба даҳон гузошт ва ба пиёла чой рехта ҷонибаш дароз кард. Бек бо нигоҳи ҳайратзада ва дастони ларзон пиёлаи чойро гирифт.
– Дар ҳайрат уфтоде, хешо? – нохост бо оҳанги ғазаболуд ба сухан пардохт домуллоимом. – Аз рўи кадом қонун ин ҳукма ба ин бандаи мўъмин раво диде? Аз рўи шариати ислом, ё қонуни ҳукумат? Бигўе, аз рўи кадом қонун!?…– овози домуллоимом дар гулўяш ларзид, ў сулфида боз ба ҳамон оҳанг суханашро идома дод. – Имрўз Бек ба амри замона хугбон шуд, на бо хоҳиши худ. Агар ў намекард, яке аз шумо хоҳ– нохоҳ хугбония ба ўҳда медошт. Баъд чӣ?
Домуллоимом кунҷковона ба атрофиён чашм давонд ва нигоҳаш ба мулло Сайфулло афтод, ки ў сар ба пеш афканда довталабона сукут варзида буд. Домуллоимом яқин кард, ки ин ҳукми сарсариёна ва ноодилона аз ҷониби ана ҳамин муллотароши бедониш рух додааст. Дар набудани домуллоимом гоҳо ў чунон фатвоҳоеро раво медид, ки аз амалу шаръи дини ислом фарсахҳо дур буданд. Ана ҳамин зумра «муллоҳо» як умр майнаи одамонро ғуборолуд сохта, дини мубини исломро ба таври хеш нодуруст маънидод мекунанд, аз аслаш дур мебаранд, аз дил гузаронд домуллоимом.
– Ин бандаи мусулмон ба ин гунаҳ ва ҳукм сазовор нест! Ё ман хато мегум, мулло Сайфулло?
– Не тақсир. Узрама қабул куне, домулло… Лекин аз чанд уламои пешина шунида будам, барои муслимин хук нигаҳ доштан мамнўъ ва истеъмоли гўшташ ҳаром аст. Аз ҷое ки хуг мегузарад, аз нафасаш сабзаю гиёҳ ва мавҷудоти дигар аз зикр мемонад. Аз ҷўе ки хуг об мехўрад, хугбон дасту рўй мешўяд об макру мешудааст, – сарро набардошта овоз баланд кард мулло Сайфулло.
– Ин суханҳоро шунида бошанд, ё хонда?
– Гуфтам ку, аз уламои соҳибэътибор шунидаам, тақсир!
– Дуруст аст, ки истеъмоли гўшти хуга ҷаноби пайғамбар алайҳиссалом дар мазҳаби мо ҳаром фармуда. Мо ҳаргиз гўшти вая намехўрем, лекин хук махлуқи худои таолост ва имрўз бо амри подшоҳ, ки ҳукмаш бар раият воҷиб аст, парвариши хука бар ин обу хоки мо раво дидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё