Шоҳроҳи истиқлол

Чароғи рўйи миз, ки нураш ҳиҷ пароканда намешавад, балки ҳамеша мисли як моҳи пурра гирду ҷамъу ҷўр аст, моли дасти худам аст. Бухорӣ, тиреза, ҳатто ин хонаи нимарўшане, ки ману додарам дар он рўбарў омадаем, даҳҳо карат тавассути зеҳну дастҳои ман шаклу намуд дигар кардаанд. Соатҳо, ҳатто солҳо ба худам мувофиқашон намудаам. Он қадар дар ин кор чира шудам, ки дигар барои хонаам чандин сару сурати такмилшудаи ниҳонӣ дорам ва мутобиқ ба ҳолатҳои рўҳиву равониям онро дигар мекунам.
Хушбахтона танбалии азалии хиёлбозону рўъёпарастону орзуфурўзон дар вуҷуди ман нест ва ба осонӣ ва сабук ин ҳама корҳои душворро ибтидо мекунам.
Додарам дар фарои сандалии мулоими пуштибаланди лабадори ман фурў нишаста ва маро мунтазир аст.
Хуб, ман шурўъ мекунам.
Абзорҳо ба тартиби пешин рўи мизи пастаки пеши сандалӣ чида шудаанд. Мех, чанд бандча аз хурду бузургаш.
Болға. Теғ. Пахтаи пизишкӣ. Дока. Шиша. Ташт.
Ва як рўшании гирди танҳо, моҳ воре, ки дар торикии хонаам рўйи додарамро меҷўяд. Инак моҳи рўшан рўи додарам уфтод.
… Ончунон дар кори хеш таваҷҷўҳ дорам, ки танҳо пушти мехро мебинам. Дигар ҳама фазои хона хоболуд асту тира. Аҷиб чизе мешуд! Ҳиҷ манзарае ҷуз чеҳраи додарам дар ин фазои хобмонанд вуҷуд надорад. Ва мегўям, ин хобам ҷуз симои додарам чизе надошт.
Гунаи рости ў пеши чашмонам қарор гирифта буд.
Ва ман дар даст болғае дорам ва бо устойии ҳасадомез ба манаҳи ў, дуруст ба чонаи росташ мехи майдаро фурў медиҳам. Мех аз пўсту гўшти додарам мегузарад: дар устухонаш андаке дармемонад. Ин ҳиҷ мушкил нест, ки дармонд.
Ман ба чанд зарби болға аз устухонаш мегузаронам!…
Мех маҳкам дар устухонаш ҷо шуд.
Арақ овардаам. Андаке дам бигирам, уффф!
… Поёнтар аз гўши росташ мех мезанам. Пўсти рўяшро кашида ва зери гўшаш кардаам. Мехоҳам ба рўйи ў ҳусни дигаре бидиҳам… Рўйи ўро, бе майли ў, ба рўйи худ мушобеҳ месозам. Пўсти рўяш ба душворӣ, балки базўр зери дастам омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё