Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Гўё корамро аз ҳамин нуқта шурўъ карда будам. Ё хобам буд, ки аз ҳамин ҷо шурўъ шуда буд?! Мех дар шонаи росташ, поинтар аз гўшаш фурў рафта: акнун хоҳиш дорам, ки гунаи чапашро ҷониби ман бигардонад. Ў ба хоксориву адаби тоҷикона мегўяд:
– Бас аст, ҳамин як бари рўям кофист. Дигар, монаш бошад!…
Ҳатмӣ ба ў чеҳраи худаш маъқул буд. Вале рўйи ў ба ман писанд нест. Ман чеҳраи ўро аз нав месозам. Ў итоат мекунад.
Муҳим ин набуд, ки ў дард миёфту намегуфт! – Ва ў аслан ошкор намекард, ки аз зарби болға, ки ҳар зарбаш зарра– зарра мехро зери манаҳаш фурў менишонд, дард миёвад. – Бале, барои ман ин муҳим набуд. Андаке ҳам аз бурдбориву тоқати ў фикр намекардам.
Ман аз худ қаноатманд будам, нафсам болидаву барафрошта шуда буд. Менозидам, ки шахсияти ман он қадар таъсире ва нуфузе доштааст, ки мисли наркоз ҷисми ўро аз дард вораҳонда. Додарам бо як фурўтанӣ ва лабханди муаддабона зери болғаи ўзбакиву мехи урусӣ охири амали маро интизор буд.
Гоҳ–гоҳе медидам, ки пилки чашмонаш пар–пар мезад, пўсти сари рухсораш таҳти чашмонаш медавиду ҷамъ мешуд. Ва фикр мекунам ин аз дард набуд, бештар аз он буд, ки ман ба пушти мех зарбҳои устувор намекўфтам, – хеле шуд дар деворҳои бетонимон мехе накўбидаам!– ва нўги мех рўрўи устухонаш мелағзид ва асабашро нороҳат мекард. Мо ҳама ҳамингуна асабҳои тунуке дорем: садои кашида шудани мехе ё кадом оҳанеро рўйи тунука намебардорем, гўё рўрўи дандонҳомон оҳан мелағзад!
Ман ба корам идома медиҳам. Пеши кори маро на бетон метавонад бигирад на устухон. Аз ҳама муҳим: мех каҷ намешавад! Ҳатмӣ онро дар устухонаш менишонам!
Додарам мисле, ки дар зери теғи салмонӣ ба риштарошӣ нишаста бошад, манаҳашро бардошта ва гардан ёзида ноҷунбу орому мутеъ нишаста буд. Андаке ҳам исён намекард. Ва ман бо диққати бештар мехро устувор медоштам ва маҳкамтар бар он болға мезадам…
Тарафи росташ дуруст шуд. Ба рўйи чапаш низ мех мекўбам, ки гўшашро зери мўяш абадӣ пинҳон кунам.

пешина
аз 276
навбатӣ