Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҷонибек АКОБИР

ОҲАНГИ ДАРЕҒ

Дар он рўзҳои хастаи поёни тирамоҳ бори дигар идрок кардам, ки не, ман гириста наметавонам. На ин ки аз гиристан меҳаросам, балки меангорам, ки гиристан шеваи зиндагии ман набудааст. На ҳой – ҳой навҳа кашида метавонам, на хомўшона ашк рехта. Гоҳе маъюсона худро сарзаниш мекунам, ки чаро гириста наметавонам? Ақаллан барои тасаллии хотири хешу табор ва ёру дўстоне, ки ба мусибат ё бадбахтие гирифтор шудаанд. Аммо ҳеҷ посухе ба имдодам намерасад.
Гириста наметавонам – вассалом! Лекин ботинан ғам мехўрам ва нолиши оҳу афсўси умедфарсои маро ҳеҷ кас фаҳмида наметавонад.
Фаҳмидан барои чӣ? Ин ки ман ғамшарики мусибати онҳоям? Ин ки аз эшон бештар ғусса мехўрам? Шояд… Вале агар боз оҷизона ва бо таассуфи ошкоро биафзоям, ки ман умуман гиристани мардро таҳаммул карда наметавонам, гўё ки ашк рехтанро барои мард эҷод накардаанд, гўё ки гиристан мардро ҳақир ва зиндагиро ҷазир мекунад, аз чунин хулосаву муҳокимаронӣ умрам ноаён кўтоҳ ва ҳатто барои чанд муддати пуразоб табоҳ мешавад.
Барои ҳамин гиристани мардро хуш надорам ва дар маросими ҷанозаҳо аксаран мекўшам, ки нигоҳам ба наздикони баргаштабахтам наафтад. Дар чунин ҳолатҳо дар ҷисму ҷонам як рашъаи сарду таконоваре эҳсос мекунам, ки андеша ва изтиробу ҳаяҷонамро карахт мекунад. Хаёле ки ба як кундаи тару ғумче табдил ёфтааст ва интизорам, ки кай устои ҳунарманде аз ман асбоби хушоҳанги мусиқӣ меофарад.
Оҳ гиристан, ту ба чӣ хотир аз ман дурӣ меҷўӣ? Магар ки ман туро дар сағирагиҳои яккатозам ранҷондаам? Балки ҳамон айём, ки мудом гурусна мегаштам, вале аз рўи зўъмӣ ва сахтсариҳо худро ҳамеша сер вонамуд мекардам, балки ҳамон айём, ки аз ҳамдеҳаҳои бахилу хомтамаъ мурданивор шатта мехўрдаму аз лабони кафидаам хун мешорид, патаки гўшҳом дар оташ месўхт, аммо ман хандида офтобро сўз медодам, тааҷҷубу хашми рақибонамро табассумборон мекардам, о ту, гиристани шояд ширин, шояд тасаллобахш, якумрӣ хойин, чашмони маро тарк карда будаӣ.

пешина
аз 276
навбатӣ