Шоҳроҳи истиқлол

Маро тарк гўии ту чӣ фоле дорад? Гириста натавонистам хушбахтист ё мусибати азалӣ? Бигў, ба ман эй гиристан, ки чаро ашк рехта ва навҳаи ҷонсўз кашида наметавонам?
Хомўшӣ, эй гиристан? Барои ман абадан хомўш бош, ки садоятро тобу тоқати шунидан надорам. Лекин рўзи мусибат дўстонамро ба чӣ оҳанг тасаллӣ дихам? Охир, тасаллие, ки дар ҳуҷайраҳои хунам эҳсос мекунам, забон надорад. Ин гуна тасаллӣ барои одамоне, ки гириста метавонанд, шарҳи фироқ гуфта наметавонад.
Тасаллии ман гунги дарунфарёд аст. Вагарна он рўзи хаставу хароби поёни тирамоҳ дар ҷанозаи писари ғўрамарги устод Ғолиб сахт гиристан мехостам.
Воаҷаб! Вотаассуф!
Боз гиристан аз ман номаълум фирор кард.
Устод Ғолиб ҳангоме сари шонаҳои хароби маро миёни панҷаҳои пургўшташ гирифт ва ишора кард, ки ба пушти хонааш гузарем, дарҳол фаҳмидам: ў бо ман ё дар шоҳидии мани додархондаш гиристан мехоҳад. Чашмони ў варамида ва хонаи дард буданд. Ман нигоҳи чашмони ҳамеша нармифодаашро дўст медорам ва ҳоло бори нахуст медидам, ки чӣ аҷаб парешонии андўҳоваре доранд. Шояд ин гуна эҳсосу мушоҳида маҳсули хаёлу андешаи фиребои худам буд, ки ҳанўз чӣ гуна рафтор карданамро намедонистам. Танҳо тавонистам қаблан тасаввур бикунам, ки чӣ хел устод бори ҷуссаи таҳамтан ва кулли ғаму ғуссаи ботинашро, инак, ба сари шонаҳоям меафканад ва азбаски ман мисли ў гириста наметавонам, оё ирода ва таанниям устуворӣ карда метавонанд, ки дар ин лаҳза худро аз шармандагии гириста натавонистаам вораҳонам ва тадбире ёбам, ки устод аз ин бемеҳрии одами сангдил малоли хотир нашавад. Эҳсос кардам, ки қалби заифам аз неши сўзони дарде ҷинҷак зада, гўё аз соҳибаш ҳазар дорад. Дар воқеъ, дилам ҳақдор буд, ки аз ман нафрат дошта бошад. Зеро алъон имкон дошт, ки ман дар ин мотамхона баробари мардум ашк бирезам, дарду дареғи рўзгори бебақо бигўям ва ғамбодаҳои кўҳнаи таки дилро ҳамвора ба дуди оҳ бадар созам ва ба чанги боди тирамоҳи пир ҳавола кунам. Аммо хоҳиши дил – хости рўҳи ман нашуд. Дил дар хонаи хароби синаам ба ҳоли худаш мегирист.
Устод як тика пешонии пурчинашро ба рўи устухони обхўракам ниҳод ва ман баръало медидам, ки чӣ хел сари ду шонааш аз зери ҷомаи кампахта мисли ду парандаи хунукхўрда меларзанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё